Ҷомеа

ЯК ЗАН АЗ ТУРСУНЗОДА БАРОИ КУШТАНИ ТАҒОЯШ БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Турсунзода сокини ин шашр Дилбар Сайфутдиноваро  бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар куштани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов бо мақсади соҳиб шудан ба хонаи ӯ гунаҳкор донист ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукми Дилбар Сайфутдинова рӯзи 7 сентябри соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 окятбр, баъди қувваи қонунӣ  гирифтани ҳукми ин зан бархе тафсилоти ин парвандаи қатли хешованди наздикро нашр кард.

Худи зани маҳкумшуда ваё адвокат ва наздикони вай барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале додситонӣ мегӯяд, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Сайфутдинова Дилбар Шавкатовна тахминан соати яки шаби 11 июни соли 2022, дар ҳолати сархушӣ бо мақсади ба қатл расонидан ва соҳиб шудан ба манзили тағояш Сайфутдинов Ҷаҳонгир Саитмуратович, сокини шаҳри Турсунзода, кӯчаи А. Дониш, ки танҳо зиндагӣ мекард ва бо ҷиянаш Дилбар дар муноқиша буд,  ба хонаи ӯ меравад. 

Гуфта мешавад, Дилбар Сайфутдинова аз фурсати муносиб, яъне дар ҳолати сахти мастӣ қорор доштани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов ва тавони муқобилият нишон доданро надоштани ӯ истифода бурда, бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯи тағояш задааст. Бар асари ин зарба, Ҷаҳонгир Сайфутдинов афтода, ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрдааст. Дар натиҷа, марди сархуш беҳуш шуда, бо пушт ба рӯи фарш афтидаст. Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди ҷиноии худ ҳамлаҳо ба зидди тағояшро, ки дар рӯи фарши хона хобида буд ва ягон муқобилият нишон дода наметавонист, идома дода, пойи росташро ба гулӯи ӯ гузошта, ӯро то мурдан буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш  Дилбар Сайфутдинова ҷасади тағояшроро тахминан соатҳои 9-и ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда печонида, онро ба мошини кирокардааш, тамғаи “Дэу-Матиз”,  рақами қайди давлатиаш 92-43 ЕС 02, ки ба ронанда Шарипов Қаҳор Абдураҳмонович тааллуқ дорад, бор карда, ба маҳаллаи 4, бинои №20-и шаҳри Турсунзода, ки дар он манзил бо модараш Сайфутдинова Дилрабо Сайтмуротовна ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол дода, бардурӯғ баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов бинобар сӯиистеъмоли миқдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст…

9 сол ҳукми зиндон барои қатли тағояшро Дилбар Сайфутдинова дар маҳбаси Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон адо хоҳад кард.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи мавридҳои қатли хешу табори хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. 

Дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон одамкушӣ ба сари худ як гуноҳи кабирӣ шумурда мешавад ва куштани хешовандони наздик гуноҳест сахт нобахшиданӣ. Ҷомиашиносон дар вақтҳои охир афзудани мавридҳои даст ба ҷони наздикони худ задан дар Тоҷикистонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар байни мардум рабт медиҳанд. Рӯҳониён дур шудан аз таълимоти илоҳӣ ва дину диёнатро дар ин тамоюли манфӣ муқассир мешуморанд.

Маҳбаси занони Норак ягона маҳбаси занона дар Тоҷикистон аст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button