ВидеоТоҷикистон

БОЗ “ЧӮҶАБАРАК” (“ОБЛАВА”)? ДАР ТОҶИКИСТОН МАВСИМИ ТИРАМОҲИИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ОҒОЗ ЁФТ

Рӯзи 1 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин маърака ду моҳ, то 30 ноябр давом хоҳад кард. Бино ба иттилои расмӣ,  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 5 ноҳияи водии Рашт ва ҳамчунин  ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара алакай  дар соатҳои аввали рӯзи аввали шурӯи даъвати тирамоҳӣ аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд.

Аз ҷумла раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот рӯзи 1 октябр дар маросими ботантанаи гусели наваскарон дар Хоруғ дар баробари даъватшавандагоин аз саросари вилоят ба инҷо овардашуда гуфт: “Мо ифтихор аз он дорем, ки ҳамасола шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро менамоянд. Ин анъанаи нек дар маъракаи имсола низ риоя гардид ва итминони комил дорем, ки он минбаъд низ идома хоҳад ёфт.”

Ҳамин тавр, рӯзи 1 октябр даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт  дар майдони як қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рашт гирд оварда шуданд. Гуфта мешавад, нақшаи даъвати ҳарбиро ноҳияҳои Сангвор 100%,  Лахш 100%, Тоҷикобод 101%,  Нуробод 101% ва Рашт  зиёда аз 100  фоиз иҷро кардаанд. “Ховар” хабар дод, ки дар байни даъватшудаҳо 30  нафараш фарзандони мансабдори давлатӣ мебошанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ахиран аз комиссарҳои ҳарбӣ тақозо кардааст, то ки бештар фарзандони мансабдоронро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд.

Ин дар вокуниш ба интиқодҳоест, ки мегуфтанд, артиши Тоҷикистон ба артиши бачаҳои коргару деҳқон ва одамони бесоҳиб табдил ёфтааст ва касе, ки мансаб ё пушти зӯр дорад, фарзандашро аз хидмати артиш халос мекунад.

Тибқи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 аз саффи Қувваҳои мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ҷавоб дода шуда, ба ҷои онҳо ҷавонони соли таваллудашон аз 1995 то 2004 ба хидмат даъват карда мешаванд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button