ВидеоТоҷикистон

МАҲБУСИ ФИРОРӢ АҲМАДБЕК САИДОВ БАЪДИ ЯКУНИМ МОҲИ ФИРОР БА ДАСТ АФТОД

Аҳмадбек Саидов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлон, ки шаби 18 ба 19-уми августи соли 2022 аз боздоштгоҳи рақами 1-и  шаҳри Душанбе  фирор карда буд, субҳи 1 октябр дар ҳудуди вилояти Хатлон дастгир шудааст.  Боздошти ӯ ҳамагӣ чанд рӯз баъди то 50 ҳазор сомонӣ, ё қариб 5 ҳазор доллар боло бурди ҳаҷми мукофоти ваъдадодаи мақомот барои маълумот дар бораи будубоши ин маҳбуси фирорӣ сурат гирифт.

Дар  Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон хабари боздошт шудани Аҳмадбек Саидовро тасдиқ кардаанд, вале ҳанӯз ягон тафсилот надодаанд. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ кай, дар куҷо ва бо кумаки кӣ ба даст афтодааст? Вале намояндаи сарраёсати зиндонҳо ба “Азия Плюс” гуфтааст, мукофоти ваъдагӣ ба онҳое, ки барои боздошти Саидов мусоидат карданд,  супурда хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, “Спутник” бо такя ба манбааш дар раёсати зиндонҳои вилояти Суғд хабар дод, ки Аҳмадбек Саидовро дар шаҳри Конибодом дастгир кардаанд.

Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки барои ироаи маълумот дар бораи макони будубоши Аҳмадбек Саидов, як маҳбусе, ки шаби 18 ба 19 августи соли 2022 аз боздоштгоҳ фирор карда буд, 50 ҳазор сомонӣ мукофот таъйин кардааст. Аксҳо бо пешниҳоди ин маблағ ҳамчун мукофот барои дастгир кардани ин маҳбуси фирорӣ  баъди 40 рӯзи фирори ӯ дар чандин мавзеъ дар дохили Тоҷикистон овезон карда шуда, ҳамчунин дар Интернет нашр шуд.

Аҳмадбек Саидов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлон, ки ба роҳзанӣ муттаҳам мешуд ва чанде пеш аз Русия истирдод шуда буд, шаби 18 ба 19-уми августи имсол аз як боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд. Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи август дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ  гуфта буданд, ки дар робита ба фирори Саидов Идибек Муҳтоҷов, як корманди боздоштгоҳи рақами 1-и  шаҳри Душанбе дастгир шудааст.

“Таҳқиқ нишон додааст, ки ин маҳбус як рӯз пеш бо телефони Муҳтоҷов бо касе суҳбат кардааст. Аз ин рӯ, як ҳафта боз дар боздошт аст ва бозпурсӣ мешавад,” – гуфтааст як манбаи Озодӣ. Мақомот расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.

Ҳодисаи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон нав нест. Мавриди пурсарусадотарин, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар умум 1 солу 3 моҳ дароз кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 кас дастгир ва 7 нафар кушта шуданд. Се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул ва Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим ҳарчанд дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, вале Кобул онҳоро ба Душанбе насупурд.

Дар соли 2016 низ чанд маҳбус аз зиндоне дар шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Қисме аз онҳо дубора дастгир ва баъзеи дигар ҳангоми амалиёт кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button