ВидеоИлму фанноварӣМинтақа ва ҷаҳон

ЯК РАМАИ БУЗҲОИ МОРХӮР ДАР БОЙСУНИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОДААСТ (ВИДЕО)

Як рамаи бузурги ҳайвоноти нодир: бузҳои морхӯр дар вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон дар наздикии марзи Тоҷикистон ба дурбини видео афтодааст.

Хадамоти матбуоти департаменти экологияи вилояти Сурхондарё рӯзи 1 октябри соли 2022 бо нашри видеои кӯтоҳе хабар дод, ки ин рамаи  бузҳои чамбаршохи морхӯрро дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Сурхон  тавонистаанд бо видеокамераи аз қабл насбшуда дар як макони эҳтимолии ҷамъ омадани ин ҷонварҳои нодир  ба навор бигиранд.

Дар сабт дида мешавал, ки рамаи морхӯрҳо аз кӯҳ ба лаби об барои обнӯшӣ фаромадааст.

Департаменти экологияи вилояти Сурхондарё мегӯяд, ин навъи ҷонварҳои нодир дар ҳадди нестшавӣ қарор доранд ва ба ин далел, ба Китоби сурхи Ӯзбекистон шомил карда шудаанд.

Дар қаламрави кунунии Ӯзбекистон морхӯрҳо асосан дар кӯҳҳои Кӯҳитанг, Бойсунтоғ ва Боботоғ ба сар мебаранд. Дар кишварҳои дигар бошад, ин ҷонварҳои нодир дар Тоҷикистону Туркманистон, шимолу шарқи Афғонистон ва дар Покистону Ҳиндустон боқӣ мондаанд.

Морхӯрҳо маъмулан дар доманаи кӯҳҳои сангӣ дар баландии аз 1500 то 2500 метр аз сатҳи баҳр дар дохили арчазорҳо   ба сар бурда, дар фасли гармо ба чарогоҳҳо баландкӯҳ то баландии то 3000 метр аз сатҳи баҳр боло мебароянд.

Дар солҳои 50, 60 ва 70-уми асри гузашта саршумори бузҳои морхӯр асосан ба далели шикори бераҳмона ба шиддат коҳиш ёфт. Вале солҳои охир бо шарофати тадбирҳои андешидашуда, саршумори ин ҷонварҳои нодир дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Сурхон  то ба 600 сар расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button