Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ СКУТЕР ДАР КОНИБОДОМ ВА ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ МАҒОЗА ДАР ҲИСОР

Рӯзи 30-го сентябр, тахминан соати 17:00,  дар роҳи  Конибодом-Деҳмой бар асари бархӯрди скутер бо як мошине, ки дар канори роҳ меистод, ронандаи скутер, сокини 58-солаи Конибодом Эркин Қурбонов  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
хххххххххх

Сокини 35-солаи Ҳисор, ки қаблан ҳам барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд, ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 30 сентябр дар деҳаашон пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши ҷузвдонҳо (сумка) даромада, аз хазина 9 ӽазору 64 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 01.10.2022

Ҳалокати ронандаи “Скутер” дар пайи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

30-юми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:00, ронандаи скутер Қурбонов Эркин Муродалиевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноӽияи Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Конибодом-Деҳмой”, аз уҳдаи идораи скутер набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба Қутбиддинов Муслиҳиддин Солеҳҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноӽияи мазкур, тааллуқ дорад ва дар канори рости роҳ меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи скутер Қурбонов Э.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ӽолат таӽқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дуздӣ аз дохили мағоза

019.jpg

Ба ШВКД дар шаӽри Ӽисор бо ариза марди 35-солаи сокини шаӽри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми сентябри соли 2022, тахминан соати 13:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши ҷузвдонҳо (сумка), воқеъ дар ҳудуди деҳаашон даромада, аз дохили хазина 9 ӽазору 64 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯй аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ӽамин шаӽр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумӽурии Тоҷикистон суд шудааст, ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, далелӽои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Нисбати ӽолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button