ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

СТИВ СВЕРДЛОВ: ДАР ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН 68 НАФАР КУШТА ШУДАНД

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар, Ррӯзи 29 сентябри соли 2022 дар як ҷаласа дар ҳошияи анҷумани САҲА  дар Варшава гуфтааст, ки дар ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ ва баъди он дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон  “тақрибан 68 нафар кушта, 200 кас боздошт шудаанд”.  Стив Свердлов хостори таҳияи “рӯйхатти Улфатхоним Мамадшоева” ба гунаи “рӯйхатти Магнитский” нисбат ба онҳое шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи мардумро поймол мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ба ин баёнияҳои ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон то кунун ягон вокуниш накардаанд, вале қаблан гуфта буданд, ки ҳадафи амалиёти “зиддитеррористӣ” дар Бадахшон гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятие буд, ки ба гуфтаи мақомот, аз хориҷ аз сӯи “гуруҳҳои байналмилалии террористӣ ва ифротӣ” маблағгузорӣ, роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мешуданд.

“Тақрибан 13 фаъоли помирӣ имсол дар Русия дуздида шуданд. Ин маъракаест, ки мунтазам зидди помириҳо анҷом мешавад. Бино бар ин, фикр мекунам, бояд дар ин бора чун ҷиноят алайҳи башарият суҳбат кунем ва бояд хатари ҷой доштани куштори ҷамъиро ҳам таҳқиқ кунем,” – гуфтааст Свердлов дар шарҳи суҳбатҳояш рӯзи 29-уми сентябр.

Радиои Озодӣ   бо нақли қавкл аз ин суҳбатҳои Свердлов навиштааст, ки тавассути таҳқиқот кушта шудани дастикам 34 нафарро дар ҳодисаҳои Бадахшон муайян кардааст.

Фаъолону намояндагони мухолифини тоҷик дар идома ба он таъкид карданд, ки мардум дар Бадахшон аз бисёр имкониятҳо барои зиндагии хуб маҳруманду ҳукумат ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад.

Стив Свердлов ва баъзе иштирокдорони дигари ҷаласа таҳияву роҳандозии рӯйхат ва ё қонуни Магнитскийро барои поймолкунандагони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

“Мо бояд мисли рӯйхати Магнитский як феҳрасти Улфатхонимро таҳия кунем. Дар руйхати Магнитский шахсоне дохил карда шудаанд, ки ҷиноятҳои ҷиддии вобаста ба ҳуқуқи байнулмилалиро содир мекунанд. Аксарияти онҳо таҳрим мешаванд ё суратҳисобашон баста мегардаду ба онҳо виза ё раводид намедиҳанд. Фикр мекунам, вазъ дар Тоҷикистон то ҳадде ҷиддӣ аст, ки бояд сари ин масъала фикр кунем,” – таъкид кардааст Свердлов.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз силоҳ ва нирӯҳои вижа саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо даҳҳо нафар, асосан дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон кушта шуда, дар Бадахшон ва берун аз он беш аз 200 тан аз зодагони ин вилояти мухтор, бо шумули фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, адвокатҳо ва журналистону блогерҳои помирӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар як ҷаласа дар ноҳияи Данғара гуфт, фармони истифодаи нирӯро дар Бадахшон худи ӯ дод, чунки “ҷинояткорон” шоҳроҳи стратегии Душанбе Хоруғ Кулмаро масдуд карда, таъмини шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон бо маводи хӯроквориро зери хатар қарор дода буданд.  Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин “гуруҳҳои ҷиноӣ” дар Бадахшон бо амри “хоҷагони хориҷиашон” амал мекарданд. Ӯ мушаххасан ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро ба ташкили нооромиҳои Бадахшон айбдор кард, вале роҳбарони ҲНИТ ин иддаоро рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button