ВидеоМуҳоҷирон

РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ САДАМАИ МАРГОВАР БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти Брянски Русия ҳукми як ронандаи тоҷикро, ки бо айби ӯ дар як садама дар ин вилоят як ҷавону як духтар ба ҳалокат расиданд, 10 сол ҳукми худро дар маҳбаси низомаш умумӣ адо хоҳад кард. Қаблан додгоҳи шаҳри Дятков ин шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистонро, ки муваққатан дар Маскав сабти ном дошт, бар асоси қисми шашум моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳолати мастӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати ду нафар шудааст, ба 10 соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум карда буд.

Хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Брянск хабар дод, ки ин додгоҳ рӯзи 29 сентябри соли 2022 шикояти наздикони ҷабрдидаҳо аз ҳукми додгоҳи шаҳри Дятковро баррасӣ кард.

 Худи шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон барои шарҳи ин парванда дастрас нест, вале бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, айбдоршаванда дар ҳолати мастӣ аз машрубот ва маводи мухаддир сари чанбари фармони мошини тамғаи “Шевроле Круз” нишаста, мошинро бо суръати баланд  рондааст ва дар натиҷа ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба як мошини “Мазда” бархӯрдааст. Ронандаи  22-солаи “Мазда” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид ва духтари 20-солаи мусофири ин мошин – дар роҳ ба бемористон.

Хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Брянск дар гузоришаш мегӯяд, ронандаи “Шевроле”  гуноҳи худро эътироф накард ва дар додгоҳ пойфишорӣ кард, ки арақу пиво ва маводи мухаддирро як рӯз қабл аз ҳодиса истеъмол карда буд ва он рӯзе, ки садама рух дод, ҳушёр буд.

Вале додгоҳи Дятков ӯро гунаҳкор шинохта, ба 10 соли маҳбаси сукунатӣ маҳкум кард. Ронандаи тоҷик ҳамчунин муваззаф карда шуд, ки ба наздикони қурбониёни он садама 4 миллион рубл (беш аз 60 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кунад.

Хешовандони қурбониёни садама аз ин ҳукм норозигӣ карда, ба додгоҳи вилоятӣ шикоят оварданд ва талаб карданд, ки ронандаи гунаҳкор ҷазояшро дар маҳбаси воқеӣ адо кунад, на дар маҳбаси сукунатӣ, ки шароиташ нисбат ба маҳбасҳои воқеӣ хеле сабуктар аст.

Додгоҳи таҷдиди назар ин тақозои наздикони ҷабрдидаҳоро пазируфт ва ин нуктаро ба инобат гирифт, ки сатҳи мавҷудияти спирти этил дар бадани маҳкумшуда дар рӯзи садама 3.15‰ будааст. Чунин миқдори спирти этил дар хуни инсон маънои заҳролудшавии ӯ аз машруботро дорад.

Бо ҳукми нави додгоҳи вилояти Брянск, ронандаи тоҷик акнун равонаи маҳбаси низомаш умумӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button