ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ҶИПИ “РЕЙНҶ РОВЕР” ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН

Сокини 35-солаи Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб аз як зани сокини Хуҷанд мошини тамғаи «Rаngе Rover»-ро 220 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифтааст, вале ду сол боз пулашро намедиҳад.

ххххххххххххххххххх

Ноболиғи 15-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар  мешавад, ки моҳи июл аз хонаи як зани сокини пойтахт ҷавоҳироти тиллоияшро ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30.09.2022

Аз худ намудани автомашинаи гаронбаҳо бо роҳи қаллобӣ

046

Нисбати марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, ки ӯ 28-уми августи соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, автомашинаи тамғаи «Range Rover»-ро ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Ба ин гумонбаршаванда бар асоси қисми чоруми моддаи 247 барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург ҷарима ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ

021.jpg

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, тахминан соати 14:15-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button