ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

НОМАИ МУБОРАКИ ҚОСИМ, ҲАМСАРИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НАГУЗОРЕД, КИ ҲАЁТАШРО СӮЗОНАНД!

Мубораки Қосим, ҳамсари журналисти зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) рӯзи 30 сентябри соли 2022, дар арафаи судури ҳукми шавҳараш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо яке мактуби саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостааст, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд.

Мубораки Қосим дар оғози номааш Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни 70-солагиаш, ки ҳафтаи оянда, рӯзи 5 октябр фаро мерасад, табрик гуфта, сипас аз ёдрас кардааст, ки шавҳараҳ Абдуллоғ Ғурбатӣ инак қариб 4 моҳ боз дар боздошт қарор дорад.

“Ин воқеа (боздошти Ғурбатӣ) вақте рӯй дод, ки мо дар оила аз меҳмони навомада, фарзандамон Масъуд, ки ба шарафи Аҳмадшоҳи Масъуд падараш номаш ниҳодааст, шодӣ мекардем. Фарзанди мо низ ҳамагӣ чор моҳ дорад, вале дар ин хурдӣ аз навозишу дӯстдории падар маҳрум шуд. Қабули ин мушкил барои мо хеле сангин афтод, вале то ҳол боварӣ ва умед дар диламон ҷой дорад, ки дар сурати ба суроғаи Шумо расидани номаҳои пешину нави мо он ҳалли мусбати худро меёбад”, навиштааст Мубораки Қосим.

Ӯ меафзояд, ки бо парвандаи шавҳараш шинос шудааст ва бо итминон гуфта метавонад, ки “Абдуллоҳ ҳеҷ гоҳ аъзои ҳизби мамнуи наҳзати ислом, ки бо ин иттиҳом мутаҳам аст, набуду нест. Ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқиру латукӯб накардааст. Баҳси асосӣ сари чанд суханҳои дар саҳифаи фейсбукӣ навиштааш меравад, ки онро аз рӯи эҳсосот навиштаасту ҳеҷ рабте ба ҳимоят аз гурӯҳҳои мухолиф надорад. Муссалам аст, ки ҳар инсон иштибоҳ мекунад, вале онро бахшидан имкон дорад. Албатта хиёнат бахшида намешавад ва Абдуллоҳ низ ҳеҷгоҳ ба ин давлату миллат хиёнат накардааст”.

Мубораки Қосим менависад, ки ӯ худ тарафдори сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аст ва  агар Абдуллоҳ Ғурбатӣ мухолифи давлату миллат мебуд, ҳеҷ гоҳ риштаи ҳаёташро бо чуниннафар пайванд намекард. “Ман бо боварӣ мегӯям, Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзанди ғамхори миллат аст, аз пешрафтҳои ин давлат шодӣ мекард. Ва ҳамеша мегуфт, ҳеҷ маконе беҳтар аз Тоҷикистон нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехост тарки Тоҷикистон кунад”, таъкид кардааст ҳамсари журналисти зиндонӣ.

Мубораки Қосим дар идома аз ҷоиза гирифтани филми шавҳараш дар бораи як кӯдаки аробакаш дар ҷашнворае дар Қазоқистон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки “ӯ ҷавони серталош, навгаро, ҳунарманд ва масъулиятшинос аст. Ҳоло хуб дарк намудааст, ки эҳсосот инсонро лаҳзае парешон мекунад ва бовар дорам минбаъд чунин эҳсосотро дар вуҷудаш роҳ намедиҳад”.

Ҳамсари Ғурбатӣ меафзояд, ки ҳафтаи оянда, ҳамагӣ чанд рӯз пас тақдири шавҳараш, яъне тақдири худи ӯ ҳам ҳал мешавад. “Талаби прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, равони зиндон намудани падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад, ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст… Бовар дорам Шумо бо ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед”, навиштааст дар анҷоми номааш ба президент Мубораки Қосим.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро аввал ба таҳқиру латтукӯби корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо мухолифин айбдор карданд. Худи Ғурбатӣ ин иддаоро қотеъона рад мекунад ва мегӯяд, на узви ҳизби наҳзат асту на милисаро ягон чӯртӣ задааст.

Бо ин вуҷуд, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 28 сентябр аз додгоҳ  хост, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 8 соли зиндон маҳкум карда шавад. Қарор аст, ҳукми ӯ ҳафтаи оянда эълон шавад.

Мубораки Қосим

МАКТУБИ КУШОДА

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пеш аз ҳама, чун мактуби навбатиам дар арафаи зодрӯзи Шумо навишта мешавад, мехоҳам Шуморо ба ҷашни 70- умин солгарди умратон табрик бигӯям. Бигузор садсолаҳо умр бинеду сарвари ин миллату меҳан ва маҳбуби ҳамватанону ҷаҳониён бимонед. Шахсан инҷониб ҳамеша тарафдори сиёсати шумо ва сулҳу суботи кишвар будам ва хоҳам монд.

Ҷаноби олӣ!

Шояд шумо аз мушкили ба сари мо омада огаҳӣ доред. Шавҳари ман Ғурбатов Авазмад (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) наздики 4 моҳ мешавад, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ин воқеа вақте рӯй дод, ки мо дар оила аз меҳмони навомада, фарзандамон Масъуд, ки ба шарафи Аҳмадшоҳи Масъуд падараш номаш ниҳодааст, шодӣ мекардем. Фарзанди мо низ ҳамагӣ чор моҳ дорад, вале дар ин хурдӣ аз навозишу дӯстдории падар маҳрум шуд. Қабули ин мушкил барои мо хеле сангин афтод, вале то ҳол боварӣ ва умед дар диламон ҷой дорад, ки дар сурати ба суроғаи Шумо расидани номаҳои пешину нави мо он ҳалли мусбати худро меёбад.

Президенти муҳтарам!

Ман бо парвандаи шавҳарам шинос шудам ва бо боварӣ мегуям, ки Абдуллоҳ ҳеҷ гоҳ аъзои ҳизби мамнуи наҳзати ислом, ки бо ин иттиҳом мутаҳам аст, набуду нест. Ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқиру латукӯб накардааст. Баҳси асосӣ сари чанд суханҳои дар саҳифаи фейсбукӣ навиштааш меравад, ки онро аз рӯи эҳсосот навиштаасту ҳеҷ рабте аз ҳимояи гурӯҳои мухолиф надорад. Муссалам аст, ки ҳар инсон иштибоҳ мекунад, вале онро бахшидан имкон дорад. Албатта хиёнат бахшида намешавад ва Абдуллоҳ низ ҳеҷгоҳ ба ин давлату миллат хиёнат накардааст.

Пешвои муаззами миллат!

Ман ҳамеша тарафдори сиёсати шумо будаму ҳастам, агар ман эҳсос мекардам, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) зидди ин давлату миллат ҳарф мезанад ва фикру ақидаи ҷониби мухолифро тарафдорӣ мекунад, ман ҳеҷ гоҳ риштаи ҳаётамро бо ин гуна нафар пайванд намекардам. Ман бо боварӣ мегуям, Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзанди ғамхори миллат аст, аз пешрафтҳои ин давлат шодӣ мекард. Ва ҳамеша мегуфт, ҳеҷ маконе беҳтар аз Тоҷикистон нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехост тарки Тоҷикистон кунад.

Ҳафтаи оянда, ҳамагӣ чанд рӯз пас тақдири шавҳари ман, яъне тақдири ман низ ҳал мешавад. Талаби прокрори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, равони зиндон намудани падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад, ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст.

Ҷаноби олӣ!

Соле пеш шавҳари ман Абдуллоҳ Ғурбатӣ филмеро аз ҳаёти як кӯдаки наврас, ки барои кӯмак ба модараш аробакашӣ мекард, сабт намуд. Ин филм чанд ҳафта пеш дар Қазоқистон миёни 18 филми мустанад, ҷоизаи беҳтарин филми ҳуҷҷатиро аз Тоҷикистон гирифт. Гуфтаниам, ки ӯ ҷавони серталош, навгаро, ҳунарманд ва масъулиятшинос аст. Ҳоло хуб дарк намудааст, ки эҳсосот инсонро лаҳзае парешон мекунад ва бовар дорам минбаъд чунин эҳсосотро дар вуҷудаш роҳ намедиҳад.

Бовар дорам Шумо аз ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед.

Бо эҳтиром:

 Қосимзода Муборак Қосим

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button