ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ДАР ҲАҚҚИ САИДҶОН ДУО КУНЕД! ГУСЕЛИ МУҲОҶИРБАЧАИ ТОҶИК БА ҶАНГИ УКРАИНА (ВИДЕО)

Як зани тоҷик, ки дар Русия ба сар мебарад, видеои кӯтоҳи лаҳзаи гусели падари фарзандонаш ба саффи артиши Русияро нашр кардааст.

Ин зан дар шарҳи видеояш навиштааст, ки “шери манро ба артиш бурданд, барояш дуо кунем, мо бо падари фарзандон худоҳофизӣ мекунем”.

Дар сабт дида мешавад, ки як ҷавони тоҷики хушсурат ҳамроҳи даъватшудаҳои дигар дар дохили автобус нишастааст ва ҳамсараш, ки чеҳрааш наменамояд, дар берун истодааст ва аз паси шишаи тирезаи автобус бо ӯ худоҳофизӣ мекунад.

Зан ин ҷавонро Саидҷон ном мебарад ва ба сӯяш аз берун чунин хитоб мекунад: “Саидҷон! Худо бигӯ! Такя ба Худо бикун! Худо нигаҳбонат бошад! Худованд худаш раҳм кунад!”

Дар видео дида мешавад, ки Саидҷон аз даруни автобус мехоҳад худро  дар чашми наздиконаш шоду ба зоҳир бепарво нишон бидиҳад ва ханда дар лаб бо онҳо худоҳофизӣ мекунаду ҳангоми дуогӯии ҳамсараш даст ба рӯ мекашад ва бо ангуштонаш рамзи дилро кашида, ба ҳамсараш нишон медиҳад. Дар анҷоми видео ӯ аз ҳамсараш мехоҳад ки камераи телефонашро пеш биорад, то ӯ бо фарзандонашон бори дигар худоҳофизӣ кунад…

Ин видео, ба гуфтаи муаллифаш, дар Красноярски Русия сабт шудааст.

Артиши Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Вале пирӯзии хеле зуд, ки Маскав интизор дошт, сурат нагирифт ва ҳафтаҳои охир нирӯҳои Русия ҳатто маҷбур шуданд, ки аз чандин шаҳри қаблан ишғолкардаашон дар Украина ҳатто ақибнишинӣ кунанд.

Рӯзи 21 сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин дар пайи шикастҳои паёпайи артиши ин кишвар дар ҷанги Украина фармони мобилизатсия ё басиҷсозӣ ба артишро имзо кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони Русияро метавонанд аз ҳисоби ниӯҳои захиравӣ ба ҷанг баранд.

Танҳо дар як соли гузашта беш аз 100 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ва дар солҳои охир дар умум ҳудуди як миллион нафар аз тоҷикистониҳо шаҳрванди Русия шудаанд.

Ҳоло даҳҳо ҳазор нафари онҳо ба хатари даъват ба саффи артиши Русия ва фиристодан ба ҷанги Украина дучор шудаанд.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Русия, ки шаҳрвандии он кишварро доранд, бисёриашон аз тарс ин шабу рӯз аз хона хеле кам берун мебароянд ва ҳатто ба кор намераванд, чунки метарсанд, ки   мабодо онҳоро “облава”  карда, ба ҷанги Украина баранд.

Ҳамин тавр, дар рӯзҳои ахир садҳо ҳазор нафар аз сокинони бумии худи Русия низ ба хотири наафтодан ба “облава” тарки ин кишвар кардаанд. Чунин фирори оммавӣ боиси он шудааст, ки қимати чиптаҳои парвоз аз Русия то даҳҳо маротиба боло биравад. Ҳоло нархи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз ҳудуди 60 ҳазор рубл, ё наздики 1000 доллар сар мешавад, вале нархи чиптаи Истанбул ё Ереван ҳатто то ба 400 ҳазору 500 ҳазор рубл, яъне ба ҳудуди 7  ило 8 ҳазор доллар барои фақат як тараф (!!!) баробар шудааст.  

Бисёриҳо ҷанги Русия бо Украинаро як ҷанги бемаънии бародаркуш мешуморанд ва кушта шудан ё куштани касеро дар ин ҷанги бемаънӣ  барҳадар мешуморанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати беш аз 20 тан аз зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо шаҳрванди Русия буданд ва аз тарафи ин кишвар меҷангиданд.

@yusupova999 #забрали #мобилизация2022 #красноярскийкрай #какжебольнонадуше ♬ оригинальный звук – 🇷🇺Селеночка🇷🇺

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button