АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ДАҲҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БОЗ ЯК ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАРГТАЛАБОНА ДАР КОБУЛ (ВИДЕО)

Субҳи рӯзи ҷумъа, 30 сентябри соли 2022 бар асари ҳамлаи маргталабона ба маркази таълимии Коҷ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон беш аз 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Холид Задрон, сухангӯи пулиси Кобул гуфт, таркиши якум соати 7:30 субҳи ҷумъа вақте рух дод, ки шумори зиёди толибилмон дар ин мадраса барои супурдани имтиҳони дохилшавӣ гирд омада буданд.

Дар Дашти Барчӣ асосан намояндагони ақалияти қавмию мазҳабии ҳазораҳо ба сар мебаранд. Ҳазораҳо, ки ба фарқ аз аксари аҳолии суннитабори Афғонистон, пайрави мазҳаби шиъаянд, қаблан ҳам борҳо ҳадафи ҳамлаҳои хунини маргталабона қарор гирифтаанд.

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 30 сентябрро ҳанӯз ягон гуруҳ ба дӯш нагирифтааст, вале ҳазораҳо дар гузашта ҳам аз сӯи ҷангҷӯёни созмони террористии ДОИШ ва ҳам аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ҳамла мешуданд. Толибон моҳи августи соли 2021, ҳукуматро дар Афғонистон пурра ба дасти худ гирифтанд ва мегӯянд, талош доранд, то суботро дар кишвар барқарор кунанд. Вале ҷангҷӯёни ДОИШ баъди ба қудрат расидани Толибон ҳам ҳамлаҳои худро, аз ҷумла ба зидди пайравони мазҳаби шиъа дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон идома медиҳанд.

Намояндаи вазорати корҳои дохилии Толибон ҳамла ба мадрасаи Коҷро маҳкум кард. Абдулнафеъ Такур гуфт, “ҳамла ба иншооти мулкӣ бераҳмии ғайриинсонии душман ва ягон меъёри ахлоқӣ надоштани ӯро нишон медиҳад”.

Шоҳидон мегӯянд, дар байни қурбониёни ҳамлаи рӯзи 30 сентябр дар мадрасаи Коҷ бештар духтарон ба назар мерасиданд. Баъди ба қудрат расидани Толибон таҳсили духтарон сахт маҳдуд ва бисёре аз мактабҳои духтарона баста шуданд, вале бархе мактабҳои хусусӣ, аз ҷумла мадрасаи Коҷ ба фаъолияти худ идома медоданд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки ҷасадҳои қурбониёни ҳамла ба мадрасаи Коҷро дар бемористони Алӣ Ҷиноҳ, ки дар қарибии ин мадрааса ҷойгир шудааст, дар рӯи фарш қатор чидаанд. Сомонаи мадрасаи Коҷ ба навбати худ акси синфхонаеро нашр кард, ки таркиш дар дохили он рӯй додааст. Дар акс дида мешавад, ки бар асари таркиш аксари мизу курсиҳо дар ин синфхона чаппа шуда, рӯи фарши синфхона пур аз шикастапораҳост.

Абдуғаёс муҳманд, табиби бемористони Алӣ Ҷиноҳ, ки бисёре аз қурбониёни ҳамлаи ахирро ба ҳамин ҷо оварданд, хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамла ба мадрасаи Коҷ дастикам 23 нафар ба ҳалокат расида, 36 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Минтақаи Дашти Барчӣ, ки аксари аҳолиашро ҳазораҳо ташкил медиҳанд, қаблан ҳам ҳадафи чандин ҳамлаи хунин, аз ҷумла ба зидди бемористонҳо ва мактабҳо, қарор гирифта буд. Яке аз хунинтарин ҳамлаҳо дар ин минтақа соли 2021, ҳанӯз то расидани Толибон ба қудрат, ба як мактаби духтарона дар Дашти Барчӣ сурат гирифта, 85 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт. Аксари қурбониёни он ҳамла низ духтарони толибилм буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button