ФарҳангЧеҳраҳо

БАҲСИ “КУҲНАХУДО” ВА “ТОЗАХУДО”-И МАВЛОНО

Абдуллоҳи Раҳнамо

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук  · 

Паёми Рӯзи Мавлоно:

БАҲСИ КУҲНАХУДО ВА ТОЗАХУДО-И МАВЛОНО

Ё нигоҳе ба асли ҳаракат ва пӯёӣ дар осори ӯ ва корбурди имрӯзи он дар рушди ҷомеа

Дар Рӯзи Мавлоно чанде аз дӯстони гиромӣ байте мансуб ба он бузургворро ба миён гузоштанд ва хосса рӯи мафҳумҳои андешабарангези «куҳнахудо» ва «тозахудо», ки дар он омадааст, назарҳо доштанд.

БАЙТ ИН АСТ:

Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ,

Ҳар лаҳза маро тозахудои дигарастӣ.

Ин байти зебову фиребову пурмаъно аз баъзе нусхаҳои Девони Шамс баҳонае шуд, то чанд нукта дар боби асли ҳаракат, пӯёӣ ва навшудан аз нигоҳи Мавлоно ва корбурди амалии он дар рӯзгори мо гуфта шавад. Зеро аз чеҳраҳову гуфтаҳову навиштаҳоямон рӯшан аст, ки ҳамаи мо ҳамеша ба як нерӯ, тозагӣ, ҳаркат, эҳё ва навшудан ниёз дорем. Чизе, ки равиши онро Мавлоно ба мо омўхта буду мо ба фаромӯшӣ ниҳодем.

Чун дар мавзӯи мақому мафҳуми ҳаракат ва навнигарию навшавӣ дар осори Мавлоно навиштаҳои фаровони илмию таҳқиқӣ дастрасанд, ин ҷо ба шарҳи онҳо напардохта, танҳо аз назари корбурди имрӯзи он, нигоҳи худро дар боби дидгоҳи хоссаи Мавлоно дар масъалаҳои ҳаракат ва таҳаввул дар олами ҳастӣ, яъне ҳаракати пайвастаи тамоми мавҷудот барои камол(1), ҳаракат ва таҳаввул дар ҷаҳонбинӣ ва маърифат, яъне ҳаракати огоҳонаи башар барои такмили шинохт ва покиву висол(2) ва низ ҳаракату таҳаввул дар зиндагии инсон ва ҷомеа, яъне талоши созандаи инсон барои бунёди зиндагии озодаву шоисати инҷаҳонӣ(3) ба миён ниҳодам ва низ баҳси машҳури “куҳнахудо” ва “тозахудо”-и Мавлоноро, ки бар меҳвари асли ҳаракат ба миён омадааст, аз диди худ бозкушодам. Албатта бо эътирофи ин фармудаи он бузургвор, ки “ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман…”

Мавзӯи ҳаракат, таҳаввул, пўёӣ ё динамизми пайваста дар осори фикрии гузаштагони мо, хоса осори сегонаи тўфонии Мавлоно, Бедил ва Иқбол, яке аз масъалаҳои марказӣ ба ҳисоб меояд. Ин бузургворон ҳаракатро аломати аслӣ ва воситаи асосии зинда будани кулли мавҷудот дониста, дар нисбати инсон онро на танҳо дар фаъолияти корию ҷисмонӣ, балки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ў як асли зиндадор ва таъйинкунанда муаррифӣ кардаанд.

1. ҲАРАКАТ ВА ТАКОМУЛ ДАР ОЛАМИ ҲАСТӢ

Агар ба ин мавзўъ ба таври бунёдӣ нигарем, дар таълимоти Мавлонои Балхии Румӣ ҷаҳон ва табиату коинот ҳастии зандаву ҳамоҳангу огоҳ ва дар ҳоли ҳаракату такомули мудом буда, худи олами ҳастӣ дар пайи гузори такмилӣ аз зинае ба зинаи дигар дар низоми мавзуну камоли имрӯзаи худ қарор гирифтааст. Ӯ ҳанўз, садсолаҳо пеш аз “назарияи таҳаввул” занҷираҳои пайванд ва радабандии мақомии мавҷудоти олами ҳастиро матраҳ намудааст, ки дар он аввал ҷимодӣ (ҷисм содаи сахти беҷон), баъд номӣ (ҷисми нумўъкунандаи беҳис ё рустанӣ), сипас ҳайвон (ҷисми соҳиби нумўъ ва ҳис), сипас инсон (ҷисми фарогирандаи ҳамаи он сифот ба иловаи шуур) ва сипас малоики муҷаррад аз ҷисм қарор доранд:

Аз ҷимодӣ(1) мурдаму номӣ(2) шудам,

Аз нумў мурдам ба ҳайван(3) сар задам.

Мурдам аз ҳайвониву одам(4) шудам,

Пас чӣ тарсам, кай зи мурдан кам шудам?

Ҳамлаи дигар бимирам аз башар,

То барорам аз малоик(5) болу пар….

Ва муҳимтарин аломати ҷобаҷойии мавҷудот дар ин силисламаротиби Мавлоно маҳз камол аст, ки он низ дар натиҷаи талош барои расидан то сатҳи дигари камолу ҳастӣ ҳосил шудааст. Аз ин рў, мафҳуми «мурдан» ин ҷо на ба маънои адамии барои ҳамеша нобуд гаштан, балки маҳз ба маънои такомулии аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштан, тарки нуқсонҳои зинаи пешин, яъне ҳамчун ҳолати пешина мурдан ва ҳамчун ҳолати нави мукаммалшуда ҳастӣ ёфтан аст. Ва ҳамин талош барои камоли бениҳоят рӯҳи ҳаракати пайвастаи такомулии олами ҳастиро таъмин кардааст. Дар навбати худ, ҳамин ҳаракати мудовим худи бақои ҳаётро таъмин намудааст.

Дар биниши Румӣ ҳаракат, тағйирёбӣ ва динамизму навшавӣ аломати асосии мавҷуд будани худи ҳаёт, меъёри аслии зинда буданди худи мавҷудот ва сифати аслии ҳастии зинда дониста мешавад ва баръакси ин, навнашудан, карахтӣ ва беҳаракатӣ аломати рӯшани набудани ҳаёт ва аломати нестист. Чуноне, ки ин маъниро шогирди ин мактаб Иқболи Лоҳурӣ дар робитаи миёни ҳастии об ва асли ҳаракат ва мафҳуми рафтан хулоса мекунад:

Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам.

Бо таъкид бар пайванди усулии «ҳаракат» ва «зиндагӣ» Мавлоно андешаи худро мактаби «нав шудан» унвон карда, тамоми ҳаётро як раванди навшавии пайвастаи доимӣ медонад. Дар ибораи «навшавии пайвастаи доимӣ» ё ба забони истилоҳии китобҳо «таҷдиди муттасили мудом», ҳар се калима ҷой ва маънои дақиқи худро дошта, «навшавӣ» ба тағйири ҳолату сифати мавҷудот дар тўли ҳаракат, «пайваста» ба пайиҳамӣ ва қатънашавии раванди навшави дар тўли ҳаракат ва «доимӣ» ба тўли замонии бениҳояти ин хатти ҳаракати такмилӣ ишорат менамояд. Дар ин дидгоҳи Мавлоно ҳаракат танҳо ба маънои физикии дар ҳамвории пазируфта аз нуктаи «А» то нуктаи «Б» тағйири макон кардани ҷисм набуда, балки он бештар хатти таҳаввул ва талоши пайваста барои бақо(1), барои такмили сифатӣ(2) ва барои камолу висоли мутлақро(3) фаро мегирад. Ҳаракате, ки ҳамвора бо сегонаи огаҳӣ(1), нерў(2) ва ҷуръат(2) ҳамроҳ аст.

Дар ин масир худи зиндагии шахсии Мавлоно ва осори шигифтангезаш тимсоли рӯшани ҳаракату ҷасорат ва навдидану навшудан буда, ӯ ҳамчун “растхези ногаҳон” ҳам дар водии лафзу баён ва ҳам дар олами маънию тахайюл бо нигоҳи бисёр хосса суннату қолабҳоро шикаста, барои худ ва барои мо роҳу намунаю ҷаҳони наверо кушодааст.

Аз диди ӯ олами ҳастӣ бо тамоми аҷзояш ҳар нафас нав мешавад ва агар мо низ чӣ бо ҷисму(1) чӣ бо рӯҳу(2) чӣ бо илму маърифат(3) баробари ҳаракату навшудани олам нав нашавем, дар як лаҳза аз гардиши он канор монда, ба гузашта тааллуқ мегирем. Ва бо набзи замон ҳамоҳанг мондан, аз навшудан ғофил нашудан ва ба гузашта таалуқ нагирифтан яке аз талошҳо, балки яке аз вазифаҳои инсони зинда мебошад.

Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

Аср ҳамчун ҷўй нав нав мерасад,

Мустамиррӣ менамояд дар ҷасад.

Яъне олами ҳастӣ бо тамоми аҷзою зарроти худ дар ҳаракати мудом буда, ҳар лаҳза нав ва дигаргун мешавад, аммо аз баски он раванди тағйрёбӣ бисёр тез ва пайиҳам аст, дар назари мо мисли рафтани оби ҷӯйбор як навор ё як раванди пайвастаи бардавом (муттасил) менамояд ва гоҳо аз дарку эҳсоси тағйир он ғофил мемонем.

Ин назари Мавлоно дар бораи тиғйири пайваставу ҳарлаҳзаии тамоми зарроти ҷаҳони ҳастӣ бо навтарин ёфтаҳои илмии зистшиносии имрўз мутобиқ аст, ки тибқи он ҳар лаҳза дар тамоми олами ҳастӣ тағйири мудом идома ёфта, аз ҷумла дар бадани инсон низ ҳар лаҳза миллионҳо ҳуҷайра нобуд шуда, ҷойи онро миллионҳо ҳуҷайраи наву тоза мегирад ва тариву тозагию шодобии ҷисм, балки худи зинда будани инсон, натиҷаи ҳамин ҳаракату бозтавлиду навшавии доимӣ мебошад. Маҳз ҳаракати пайвастаи дил, хун, нафас ва таҳаввули ҳар узву ҳар ҳуҷайраи инсон дар кул бақои ҳаёт ва зинда буданро имконпазир мекунад ва дар натиҷа, инсони ин лаҳза на аз назари ҷисмӣ ва на аз назари ҳиссию таҷрибӣ дигар он инсони як лаҳза пештар нест. Ҳатто аз назари гузари умр ҳам ин лаҳза аллакай мо инсони дигар шудаем, ки лаҳзае пештар он набудем ва пас аз лаҳзае инсони дигаре мешавем, ки ин лаҳза он нестем…

2. ҲАРАКАТ ВА ТАКОМУЛ ДАР ҶАҲОНБИНӢ ВА МАЪРИФАТ

АММО ҳолати авҷ ва фарогирии назари Мавлоно дар боби ҳаракат дар он аст, ки ин раванди нав шудани ҳамешагӣ ҳам ба табиат, ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба маърифат баробар тааллуқ мегирад. Яъне, ў ин мафҳумро аз сатҳи ҷисмонию биологии олами ҳастӣ фаротар бурда, мафҳуми зинда будани андеша ва ҷаҳонбинӣ ва такмили тафаккур ва ҳатто зиндаю пўё будани имону эътиқодро ба миён мегузорад, ки дар ин нукта ў аз аксари маърифатшиносони муосир низ пештар қарор дорад.

Ба назари Мавлоно, агар дониш ва дарку шинохти мо дар бораи табиат, ҷомеа ва ҳатто шинохти мо дар бораи Худованд пайваста наву пурраву зиёда нагардад, он донишу шинохт куҳнаву фарсуда шудаву дар ниҳоят мегандад. Ин ҳаракати такомулӣ ба ҳадде бисёрсамтиву бисёрсатҳист, ки ҳаракати ҷавҳарӣ, ҳаракат дар худ, ҳаракат аз худ, ҳаракат дар андеша, ҳаркат дар маърифат, ҳаркат ба моваро ва ғайраро фаро мегирад ва ин раванди пуршўри навшавӣ чизеро лаҳзае дар ҳолати пешина боқӣ намегузорад.

Ин аст, ки ў дар масъалаи ҳаракат мавзўи навшавии шинохт ва такмили ҳамешагии маърифату имонро матраҳ карда, дар канори мафҳумҳое чун «дониши зинда» ва «дониши мурда», ҳатто мафҳумҳое чун «куҳнахудо» ва «тозахудо»-ро низ ба кор мегирад. Ва дар зарфияти беканори забони форсии тоҷикии мо «куҳнахудо»-и Мавлоно на худи Худо, балки маълумоту фаҳмиши пешинаи мо дар бораи Худост, ки инак бо расидан ба фаҳмишу дарки комилтари он куҳна шудааст. Аммо «тозахудо» он шинохту дарки навинест, ки мо акнун дар бораи Худованд дарёфта ва эҳсос мекунем. Аз баски донишу дарки инсони пӯё, аз ҷумла дар шинохти Худованд ҳар лаҳза такмил меёбад, дониши як лаҳза пеш доштаи мо дар ин бора аллакай куҳна шуда, ҷойи он «куҳнахудо»-ро «тозахудо» мегирад, яъне ҷои тасаввури пешина аз Худоро тасаввури навину беҳтару комилшуда дар бораи Худо мегирад.

(Барои қиёси сирфан зоҳирӣ, ки ҳаргиз ба азамати он масъала наздик нест, мо метавонем бо чӣ суръат куҳна шудани ахборро дар кори шабакаҳои иттилоотии муосир мушоҳида кунем, ки он ҷо ҳар лаҳза ҳодисаи навшавии маълумот пеш меояд ва ахбору маълумоти пешин дар як он “куҳна” ва аз эътибори аввал соқит мешавад.)

Ин аст, ки Мавлоно чун инсони зинда ва чун соҳиби шинохти зиндаи такмилёбанда дар он байт аз донишу шинохти куҳнашуда дурӣ меҷўяд, аз инсони мутаассиби мағзаш хушкидаву донишаш шахшуда безорӣ меҷӯяд.

Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ,

Ҳар лаҳза маро тозахудои дигарастӣ.

Сабаби бо чунин кароҳият безорӣ ҷустани Мавлоно аз илму шинохти куҳна ва аз соҳиби он дар он аст, ки акнун он илм на таҳо дуруст ва муфид нест, балки барои ҳаракат ба сўи такомул монеа ва таҳдид аст. Зеро, инсони дармонда дар алифбо ва маҳрум аз қудрати ҳаракати такмилӣ дар он тасаввури маҳдуди куҳнашудаи худ исрору пофишорӣ менамояд, дар доираи он таассуб меварзад, сатҳи нави такомулро напазируфтаву маҳкум мекунад, алайҳи он ҳукм содир мекунад ва барои нашри он монеа эҷод менамояд. Бинобар ин, ҷаҳл ва таассуб, ки ҳамеша хатарбор аст, пеш аз таслиму рафтан боз хатарноктар мешавад…

Сухани Мавлоно дар боби навшавию мукаммалшавии пайвастаи маърифат ва имон аз назари каломию эътиқодӣ низ ҳаргиз густохона нест ва ба он маъно нест, ки сифати навию куҳнагӣ ба зоти бетағйири Худованд нисбат дода шавад, балки ба он маъност, ки маърифати мо дар бораи Худованд, дар бораи зоту сифатҳои ў ва дар бораи неъматҳои ў ва ҷаҳони офаридаи ў ба таври мудом нав, тоза ва такмил мешавад ва бояд бишавад. Чунин такмили шинохт ва таҳкими имон метавонад чӣ дар натиҷаи омўзиш, чӣ дар пайи таҷриба ва чӣ дар пайи тақвою мукошафа ба даст ояд.

Аммо агар мо аз раванди замон ва аз дарки олами ҳастӣ қафо монем ва илми мо илми мурда ва маърифату худошиносии мо низ кўҳнаву афсурда шавад, назди навшудагону навдидагон, ки ба сатҳи дигари камоли маърифат расидаанд ва умуман, дар раванди пуршўри такомули маърифатии башарӣ, диди куҳнаи мо дигар арзише надорад. Чуноне ки шарҳи рўшантари ин андеша дар «Маснавии маънавӣ» омадааст:

Куҳнаву афсурдаву гандидаро,

Ҳадя мебар баҳри ҳар нодидаро.

Он ки нав дид, ў харидори ту нест,

Мурғи Ҳаққ асту гирифтори ту нест.

Яъне онҳое, ки маърифаташон такмил меёбад ва шинохташон дар боби муҳит, табиат, инсон ва Худо ба сатҳи наву мукаммале мерасад, дигар харидори он шинохти пешини куҳна ва тасаввури афсурдаи пешина нестанд. Зеро онҳо ба яқин медонанд, ки он шинохти пешина, аз ҷумла дар шинохти зоту сифоти Худо, ноқис будаву акнун ба сатҳи нави шинохту маърифат дар ин бобат расидаанд. Ва аз сифоти асосии инсони зинда ин аст, ки ҳамин ҳаракати мудом ва ҳамин масири такомулии маърифат дар ӯ пайваста ва то бениҳоят идома дошта бошад:

Мо зинда аз онем, ки ором надорем,

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост…

Ва агар барои озмоиши ин мафҳум ҳамин ҳоло лаҳзае чашмҳои худро бипӯшему дар оромиши комил мурур бикунем, дармеёбем, ки тасаввуру шинохти имрӯзи ҳар яки мо дар бораи Худо нисбат ба тасаввури андаке пештари мо дар бораи Ӯ хеле дигартару бештару комилтар шудааст. Ҳатто пас аз як ҳодиса, як комёбӣ, як беморӣ, як наҷот ё як мақолаву як маълумоти навин мо эҳсос мекунем, ки акнун аз қудрати Ӯ, аз неъмати Ӯ ё аз раҳмати Ӯ шинохти бештар касб кардаем, ки пештар онро дар ин шаклу дар ин ҳад ҳаргиз надоштем. Ин ҳамон шинохти нави мо дарбораи Худованд, шакли соддатарини ҳамон “тозахудо”-ст, ки Мавлоно гуфт. Бо ин тафовут, ки сатҳи дарки Мавлоно сатҳи орифи пайвастшуда аст, ки ғарқ дар лаззати иртиботу висол ҳар лаҳзаи ин навшудани маърифати худро муроқибат ва эҳсос мекунад.

Агар нек бингарем, чунин ҳаракат ва навшавии такомулӣ ҳатто дар даруни худи мафҳуми имон ба Худованд низ ҷорист ва худи имон низ пайваста дар таҳаввул аст ва агар ҳазор кас ин ҷо ҳозир бошанд, бешак дар ҳазор мартабаи имонӣ қарор доранд. Дар баёни соддатарин, инсон дар ибтидо фақат маълумот ё майле бар шинохти Худо доштааст, сипас ҳастии Худоро ба забон иқрор мекунад ва дар марҳилае имони ў ба ҳадде камол меёбад, ки ў Худойро бо дил тасдиқ мекунад ва боз марҳилаи комилтаре фаро мерасад, ки бо аъзои бадан таъйид мекунад ва дар сатҳи дигаре унсу робитаи ў бо Худой шакл мегирад ва низ марҳилае назди орифон эътироф аст, ки бо рўҳ бо Худо пайваст мешаванд. Ҳар яке аз ин дараҷаҳои имон, ки миёни онҳо ҳазорон зинаҳои суъудист, сатҳи нави шинохт ё шинохти наве аз Худованд аст, ки нисбат ба он шинохти пешинаи акнун кӯҳнашуда («куҳнахудо») мукаммалтару арзишмандтару дурусттар аст.

Ва низ, мафҳумҳои баҳсии ин байти тӯфониро метавон ишора ба як раванди бардавом будани худи офариниш ва бепоёнии қудрату таҷаллии илоҳӣ низ донист, ки чунин мазмун дар ибораи қуръонии “куллу явмин ҳува фи шаън” (сураи «Ар-Раҳмон», бахше аз ояи 29, мазмунан, «Худованд ҳар рӯз дар кору таҷаллии дигарест») ба рӯшанӣ ифода шудааст. Яъне агар инсон бар фарзи муҳол, бо ҳама талош тамоми илму рози ҳастиро дар як замон бишиносад, боз қудрату офариниши пайвастаи Худованд дар ҷилваҳои нав андар нав зуҳур меёбад ва боз ҳам дарки он шинохти нав мехоҳад ва аз ин рӯ, маърифат низ раванди бениҳоят ва таҷдидшаванда буда, баробари таваққуф ҳамоно кӯҳна мешавад.

Пас, ҳамон гуна, ки қудрату таҷаллии илоҳӣ бениҳоят аст, шинохту маърифати он низ ниҳоят нахоҳад дошт ва ин аст, ки Саъдӣ эътирофи «мо ъарафнока ҳаққа маърифатик» пеш овард, яъне Туро ҳаргиз чунон, ки шоистаи Туст, нашнохтем… Ва танҳо чизе, ки барои чунин шинохт кофӣ наменамояд, ҳамин умри инҷаҳонии одамист ва шояд ин эътироф ҳам талх ва ҳам гуворост, ки бо ин тавони одамӣ вуҷуду азамати Худованд то охир шинохтанӣ нест, балки пайвстанист…

Аммо ин назарияи такомули доимии дониш ва шинохт танҳо маҳдуди илоҳиёту худошиносӣ нест, балки ин асл ба тамоми раванди маърифатомўзии мо дар боби муҳит, табиат, ҷомеа ва офариниш марбут мегардад. Ин дидгоҳ аз инсон тақозо дорад, ки донишу шинохти худро дар ҳама самтҳо ҳамвора сайқал диҳад ва зинда нигоҳ дорад ва аз рушди улум ва набзи замон берун намонад ва чуноне, ки дар ҳадиси шариф омадааст, ба сабаби ғафлат аз замони худ марги ҷоҳилона надошта бошад. Ва тавре зикр шуд, аз назари таъсири ин ҳолат ба ҷомеа низ, хушкиву пасмондагии инсон аз набзи замон ва дурии ӯ аз маърифати зинда барои худаш фоҷеа ва назди дигарон зишт мегардад. Ёд дорем, ки баъзе устодон бе дарки тағйири замон афкори фарсударо аз варақҳои зардшудаи даврони тоистиқлолӣ бо равиши онзамонӣ аз минбар мехонданду мехонданд ва он саҳна мавриди тамасхуру эътирози донишҷуёни замони нав мешуд. Ва низ ҷабре дар ҳаққи рушди ин ҷавонон мебуд…

3. ҲАРАКАТ ВА ТАКОМУЛ ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОН ВА ҶОМЕА

ВАЛЕ чун яке аз мақсадҳои асосии ин навишта баёни корбурди асли ҳаракат ва пўёӣ барои камоли шахсию рушди иҷтимоии инҷаҳонии инсони имрўзаи мо буд, бояд ба ин ҷанбаи таълимоти Мавлоно низ таваҷҷуҳ кард, ки дар он масъалаи ҳаракат гоҳо аз пардаҳои фалсафию ирфонию руҳонӣ урён шуда, ба сифати як асли ҳаёти фардӣ ва як рукни зиндагии иҷтимоии инсон дар ҷомеа ва ба сифати як рози муваффақияти инсон дар олам боз ҳам рўшантар зуҳур мекунад. Ҳаракат дар назари ў як нерӯи тавоно дар набарди зиндагӣ буда, воситаи асосии ба кор гирифтани қудрати худӣ ва татбиқи зарфияту тавони инсон аст.

Инсон низ ҳамчун бахше аз ҷаҳони дар ҳоли ҳаракат барои таъмини ҳастии худ маҳкум ба ҳаракат аст ва аз ҳаракат бозмондани ӯ оғози завл ё худи заволи ӯст. Маҳз ҳаракат ва пӯёӣ аст, ки инсонро дар ҷомеа фаъол, созанда ва навовар месозад ва муҳити зиндагиро обод менамояд. Ва тавре таъкид рафт, ҳаракати инсон танҳо ба маънои фаъолияти моддию ҷисмонии ӯ нест, балки ақлу шууру донишу маърифату шинохти инсон низ бояд дар ҳаракати мудом бошад ва ҳамвора таҳаввулу такмил ёфта, аз сатҳи илму огаҳии замони худ канор намонад. Аз ин рў, агар муҳимтарин рисолати инҷаҳонии инсон расидан ба зиндагии озода ва шоиста бошад, нерўи асосии ў дар ин роҳ маҳз ҳаракати ҷисмӣ ва фикрӣ аст. Ҳамон сегонаи огоҳӣ, ғайрат ва ҳаракат.

Ва аз он ҷо ки маҳз ҳаракат ва таҳаввул айни зиндагӣ ва сифати асосии зинда будан аст, инсони коҳилу беҳаракату карахтҷону карахтандеша аз аломати аслии зиндагӣ маҳрум мебошад… ва аз назари рушду созандагю нафърасонӣ шояд битавон гуфт, ки дар шумори зиндагон нест.

Мавлоно гоҳо ба чунин инсонҳои коҳилу беҳаракату бенафъ мешӯрад, ки эй гурӯҳ, магар мо камтар аз кўҳу камтар аз сангем, ки бо ҳама сангияш боз аз вуҷуди он сабзае мерӯяду аз дили он чашмае ҷорӣ мешавад ва нафъе ба халоиқ мерасад, аммо аз инсони сангбастаи карахт ҳеҷ осори зиндагӣ ва ҳеҷ нафъи ом падид нест:

Ҷон пазируфту хирад аҷзои кӯҳ,

Мо кам аз сангем охир, эй гурӯҳ?!

Не зи ҷон як чашма ҷӯшон мешавад,

Не бадан аз сабз пӯшон мешавад…

Аз ин рў, вақте бар чеҳраҳои пажмурдаву ҷонҳои афсурдаву дилҳои ниммурдаву рўҳҳои беҳудаи баъзе аз ҷавонони худ менигарем, беихтиёр ба зеҳн мегузарад, ки ба онҳо маҳз ҳамон ғайрати Мавлоно, ҳамон ҳаракати Мавлонод ва ҳамон ҳидояту ҳушдори созандаи Мавлоно намерасад, ки хитоб ба мо гуфтааст:

Чу по дорӣ, биё, дасте биҷунбон,

Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!

Яне, эй ҷавон, модоме, ки дасту пой дорӣ ва ақлу тани солим дорӣ, пас дархури он номусу ҳаракат низ дошта бош, зеро чунин бедаступойӣ, яъне коҳиливу беҳунариву ноўҳдабароӣ ё заъфу фақру бесаводию пасмондагӣ барои ту шоиста нест! Ту аз зоти шариф, аз боми баланд, аз табори бузург, аз миллати номвар ҳастӣ ва туро ҳаргиз «пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест…»

Ва ниҳоят, агар ба фарҳангу боварҳои ҷории мардумии худ низ дуруст нигарем, асли ҳаракат дар он нақши бунёдӣ дошта, шарти аслии «кушоиши корҳо» дониста мешавад. Ин бовари амиқ дар ибораи машҳўри «аз ту ҳаракат, аз ман баракат» низ хулосаву рехта шудааст, ки дар он замонати баракат ва муқаддимаи комёбӣ дар фаъолият унвон гаштааст.

Вале барои он, ки ин таълими азим дар боби динамизму ҳаракати мудом дар китобҳо нахобида, дар замири ҳар шаҳрванд ва дар фазои ҷомеа кор кунад ва ҳаракату иззату ободӣ офарад, бояд пеш аз ҳама, дар ин боб фарҳангсозӣ сурат гирад, то як кӯдак ва ҷавони мо дар рӯҳияи ҳаракат, сахткӯш, иззат ва навоварӣ тарбият ёбад. Фарҳангсозӣ равандест, ки сараввал барномаҳои ҳадафманди таълимиро дар бар мегирад, зеро арзишҳо, аз ҷумла арзиши иззату ҳаракату созандагӣ, дар замири наврасон фақат бо даъвату насиҳат ҷорӣ намешаванд, балки бо барнома ва бо таълиму тарбият ва бо маҳоратсозии рафторӣ ҳамчун арзиши ҳаётӣ ҷой мегирад.

Ба масал, агар гоҳе мушоҳида мешавад, ки офатҳои ахлоқию иҷтимоие чун танбаливу коҳилию мушкилгурезӣ, бесаводию илмситезӣ, набуди эътиқод ба нақши раҳоибахши илму маърифат, дурӣ аз рушди замон, нашнохтани ҷойгоҳи вақту надоштани барномаи рушд, ифроти эҳсосию нафсонӣ, хушунату мардумозорию беадабӣ, бетафовутиву беуфуқӣ, майл ба таассубу ҷаҳолат, набуди иззати нафс ва рўҳи созанда ва ғайра баъзе ҷавонони моро дар худ фурў мебарад, ин ҳолат ба он маъност, ки баъзе аз арзишҳои муҳимми ҳаётӣ дар раванди тарбият дар замири онҳо ҳамчун асл ва ҳамчун арзиши зинда ё ҳамчун эътиқод ҷой карда нашудаанд. Зеро тарбият бояд ба гунае тарҳрезӣ шавад, ки ҷавони мо худи танбаливу беҳаракатию бесаводию пасмондагиву муҳтоҷию беҳудагиро дар сатҳи арзиш ва дар сатҳи эътиқоди шахсии худ нанг шуморад ва дар сатҳи шахсию номусӣ ҳаргиз ба он созиш накунад. Ин аст, ки дар ин самт маҳз барномаву фарҳансозию маҳоратсозӣ нисбат ба даъвату насиҳат таъсири ҷиддитари амалӣ хоҳанд дошт.

Дар сатҳи тафаккуру номус ва то ҳадди эътиқод ҳамагонӣ шудани як андешаи муҳаррик ва пешбар дар таҷрибаи рушди ҷомеаҳои ҷаҳонӣ натиҷаҳои муҳимму амалӣ додааст. Дар таърихи таҷрибаҳои комёби Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Олмон, Чин, Амрико ва ғайра метавон дид, ки эътиқоди васеъ ба андешаи созанда заминаи раванди рушду созандагиро фароҳам кардааст. Чуноне Макс Вебер дар шарҳи рўҳи сармоядории ғарбӣ овардааст, маҳз таълимоти мазҳаби протестантизм дар боби фарз будани зиндагии шоиста ва рушди соҳибкорию худкифоӣ барои пайравони ин мазҳаб яке аз заминаҳои ташаккули сармоядорӣ ва рушди бесобиқаи ҷаҳони Ғарб гашта буд.

Мо низ метавонистем ҳаракату навнигариро ҳамчун як хислати миллӣ, ҳамчун як арзиши номусӣ ва ҳамчун як ахлоқи амалӣ таълими ҳамагонӣ диҳем ва ҳампойӣ бо замон, огоҳӣ аз набзи асри худ ва созандагию зиндагии шоистаро ҳамчун фарзаҳои миллию фармудаҳои номусии худ барои наврасон талқину тарбият намоем. Дар ҳоле, ки дар матни фарҳанги худи мо барои чунин барномаҳо андешаву намунаву таълимоти зарурӣ фаровон аст ва аз назарияи ҳаракати Румӣ то равиши «дил ба ёру даст ба кор»-и Баҳоуддини Нақшбанд ҳама метавонанд заминасоз ва ҳидоятгари ҳаракату рушду созандагӣ бошанд. Барои эҷоди такон дар мағзи ҷавон, гоҳо ҳатто як суҳбату ошноӣ бо як инсони пурталошу комёб низ метавонад аз як дарс насиҳату шиор муассиртар бошад.

Ва агар дар пайи татбиқи чунин барномаҳо насли нави мо дар сатҳи тафаккур дар рӯҳияи ҳаракату таҳаввулу навбинию навоварии доимӣ тарбият ёбад, нерӯи миллии мо маротибаҳо афзуда, суду сифати тавони зеҳнӣ ва нирўи инсонии мо бисёр болотар меравад. Фалсафаи ҳаракату таҳаввули мудоми Мавлоно дар замири ҳар фард муҳаррикеро мемонад, ки ба ӯ нирўи парвоз, ангезаи пешрафт, иззати инсонӣ ва рўҳи созандагӣ мебахшад. Ва маҳз ҳамин динамизм ё андешаи пӯёву навовару озодаву созанда зиндагӣ ва ҷомеаро сифатан дигар намуда, ба сӯи рушду созандагии ҳамагонӣ хоҳад бурд. Дар ғайри ин сурат, тафаккури карахту(1) муҳофизакори(2) ишратписанду(3) масрафгаро(4) тамоми талошу сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусӣ дар самти рушдро фурӯ бурда, дар раванди рушд натиҷаи дилхоҳи зербиноӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ, маҳз соҳиби тафаккури ҳаракатмеҳвару созанда ва арзишҳои номусии озода гаштани ҷавонон ва ҳампойии огоҳонаи онҳо бо таҳаввулоти арзишию технологии замони муосир метавонад сатҳи дигари рушду маърифати ҷомеаро фароҳам орад ва зиндагии ворисони мактаби ҳаракату таҳаввулу навшавии Мавлоно метавонад басе шодобтару ободтар аз ин бошад.https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=pfbid034pcGPRUUJaWftgpha4ZWxTRpvACoanjeoZ5T61XqXWKCDYmQnKoqQs8szCLvvundl&id=100080209208132

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button