ВидеоКоррупсияНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ПИСАРИ ВАЗИРУ ДОМОДИ РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛӢ ЗӮР БАРОМАД: ТАЛАБИ 8 СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

Муҳокимаи парвандаи журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур амалан ба поён расид ва додгоҳ шояд алакай рӯзи душанбе, 3 октябр ҳукми ӯро эълон кунад. Бино ба иттилои адвокати Ғурбатӣ Абдураҳмон Шарипов, рӯзи 29 сентябри соли 2022 дар ин мурофиа, ки бо сабабҳои номаълум дар дохили СИЗО №1 шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста мегузарад, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун ҷазо 8 соли зиндони низомаш сахтро талаб кардааст.  Ғурбатӣ, ки иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ҳамла ба корманди милитсияро қотеона рад мекунад, аз додгоҳ хостааст, то сабти видеокамераҳои назоратӣ дар назди бинои шуъбаи милитсияи Шоҳмансурро аз 15 июни соли ҷорӣ, ки гӯё ӯ ҳамон рӯз корманди милитсияро задааст, як бор тамошо кунанд. Вале додрас, ба гуфтаи адвокат Шарипов, ин дархости хабарнигорро рад кардааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳамкори ӯ Далери Имомалӣ ҳамон рӯзи 15 июн, дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст…

Твре Маркази мустақили ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, ки таъмини ҳимояти ҳуқуқии  Абдуллоҳ Ғурбатиро дар ин қазия ба дӯш гирифтааст, муҳокимаи парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, мутахаллис ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар бинои СИЗО №1 рӯзи 29 сентябр ба поён расид. Журналист бар асоси моддаҳои 307, иловаи 1, қисми 2, 328 ва 330 ба узвият дар созмони мамнӯъ, таҳқир ва истифодаи зӯровавӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият айбдор мешавад. Абдураҳмон Шарипов гуфт, додгоҳ  рӯзи 29 сентябр дархости ӯ ҷиҳати ба додгоҳ хостани эксперти тиббию додгоҳиеро, ки гӯё расондани осеби ҷисмонӣ ба корманди милитсияро санад кардааст, рад кард. Худи Ғурбатӣ ҳам аз додгоҳ хостааст,  то ки сабтҳои видеокамераҳои назоратиро бубинанд ва сипас хулоса кунанд, ки оё ӯ ҳамон рӯзи 15 июн корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансуррро зада буд ё на? Вале додрас Беҳрӯз Шифо дархости журналистро низ рад кардааст.

Абдураҳмон Шарипов шуфт, баъди пурсиши шоҳиди охирин додгоҳ ба баҳси тарафҳо гузашт.

 “Дар ҷараёни баҳси тарафҳо айбдоркунандаи давлатӣ суханронӣ кард ва аз додгоҳ хост, ки Ғурбатовро ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунанд”, – хабар додааст адвокат.

Дар моҳҳои охир  дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шудаанд. Аз ҷумла 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон (Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев), журналистон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогери пуртамошобин Усмон ва рэпсаро Ралик. Дуи охир ба даҳрӯзӣ ҳабси маъмурӣ  маҳкум шуданд, вале Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (собиқ КГБ) ва журналист, ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button