ВарзишВидеоЧеҳраҳо

ПИРИ ГУШТИНИ ДЗЮДОИ ТОҶИК РАСУЛ БОҚИЕВ БА СИННИ 40 РАСИД!

Расул Боқиев, яке аз хушномтарин варзишгарони муосири тоҷик,  рӯзи 29 сентябри соли 2022 ба синни 40 расид. Расул Боқиев барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар соли 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон  дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012, чемпиони Русия дар соли 2009 мебошад. Ӯ устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини қураш ва дзюдо, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо, қураш, самбо, «гуштингирӣ». Яке аз чаҳор медаловари Бозиҳои олимпӣ дар таърихи Тоҷикистон. Ҳоло дар Русия зиндагӣ дорад.

Mуҳаммадрозиқ Неъматов, шореҳи шинохтаи варзиш ва масъули гуруҳи Tajik sport дар Фейсбук Расул Боқиевро сардафтар ва “пир”-и гуштини дзюдои тоҷик  номида навиштааст:

“Расул Боқиев сардафтар ва “пир”-и ҷудои тоҷик 40 сола шуд!

Медали биринҷии мусобиқоти ҷудои ҷаҳони Расул Боқиев 15 сола ва медали биринҷии Бозиҳои Олимпии ӯ 14 сола шуд. Имруӯ худи паҳлавон Расул ба сини мубораки 40 қадам гузошт.Дар ин муддат ҷудокорони мо ду медали тилоии қаҳрамони Осиё,д у тилло ва ду медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷавонон, дуто биринҷӣ ҳам аз наврасон гирифтанд. Чаҳор медали тилло ва чанд медалҳои биринҷии нуқра ва биринҷӣ аз Гранд При, биринҷӣ аз Гранд Слам ҳам дорем. Панҷ нафар наврасон ва се нафар аз ҷавонон Қаҳрамони Осиё шуданд. Ин натиҷаҳо умедворкунанда ва қобили ҳама гуна қадрдонӣ ҳастанд. Вале дар ин 13-14 сол ҳеҷ кас аз ҷудокорони мо натавонист корнамоии Расулро такрор кунад. Паҳлавонони ҷавонону умедбахш ва мураббиёнашон ва коршиносони варзишӣ ҳоло мефаҳманд, ки варзишкор бояд чӣ роҳи сахту душвореро тай кунад,чи азобу машаққатҳоеро паси сар кунад,то медали мусобиқоти ҷаҳон ва Бозиҳои Олимпӣ сазовор бигардад Дар замоне, ки Расул дар майдонҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекард, ҷоизаи президентӣ, стипендияи президентӣ ва пуштибонии ниҳодҳои варзишии кишвар ба андозаи имрӯз набуд. Расул шабҳо дар Маскав таксиронӣ мекард,то пули тамрину, ягон машқҳои дастаҷамъӣ ва ғазояшро ба даст биёрад. Воқеан дар шароити ун вақтҳо медали ҷаҳон ва Бозиҳои Олипиро гирифтан як амали Қаҳрамонии дигар буд… Варзиши ҷудои тоҷик мадюни заҳмату талошҳо вв қаҳрамониҳои Расул Боқиев ҳаст.

Зодрӯз муборак, Қаҳрамон !

Happy Birthday Champion!”

 

Боқиев Расул Худойназарович 29-уми сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба дзюдои ноҳияи Рӯдакӣ. Нозукиҳои куштии миллӣ ва ҷудуро аз падараш – Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Боқиев Худойназар омӯхтааст.

Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба куштии дзюдо ва самбо, қураш ва «куштигирӣ». Ширкатдори чемпионатҳои Осиё, ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ. Соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (шаҳри Душанбе) дар бахши куштии дзюдо соҳиби ҷойи дуввум ва дар куштии миллии қураш сазовори ҷойи аввал ва медали тило гашт. Соли 2005 дар Чемпионати Осиё (шаҳри Тошканд) дар бахши куштии ҷуду соҳиби медали биринҷӣ ва дар куштии миллии қураш чемпиони ҷаҳон шуд. Худи ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалии Федератсияи Русия (шаҳри Йошкар-Ола) ғолиб омада, медали тилоро гирифт. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми ифтихории ҷаҳон (шаҳри Гамбурги Олмон) сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, дар мусобиқаҳои байналмилалии Итолиё (Рум) ва Қазоқистон (шаҳри Алмаата) соҳиби ҷойи якум ва медали тило гардид. Дар Бозиҳои Осиё (2006, давлати Қатар) дар бахши куштии ҷуду медали биринҷӣ ва дар Чемпионати Осиё (2007, Кувайт) медали нуқраро соҳиб шуд. Соли 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия (шаҳри Рио-де-Жанейро) сазовори ҷойи севвум ва медали биринҷӣ гашта, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифт. Соли 2008 дар Бозиҳои ХХIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши куштии ҷуду соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Чемпиони Федератсияи Русия оид ба куштии ҷуду (2009, шаҳри Налчик). Ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар давлати Тунис (2010), шаҳри Қоҳираи Миср (2010) ва шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия (2011). Ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон (2012).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button