ВидеоҶомеа

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ ФОҲИША ВА МАРДИ ДАЛЛА ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ РЭКЕТ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта Абдуманнон Болтаев, сокини Душанберо, ки қаблан 2 маротиба барои дуздӣ ва роҳзанӣ зиндонӣ шуда буд, бо ҷурми гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ ва роҳзанӣ ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Ҷолиб он буд, ки ҳамроҳ бо ӯ дар ин парвандаи гаравгонгирӣ ду ҷавонзан низ ҳамчун айбдоркунанда мегузаштанд ва додгоҳ бо ҷурми даст доштан дар айни ҷиноятҳои махсусан вазнин Шаҳноза Тошпӯлодоваро ба 13 соли зиндон ва Манижа Бобозодаро ба 11 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 28 сентябри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки Абдуманнон Болтаев, соли таваллудаш 1991 ҳмроҳ бо ин ду зани сабукпои солҳои таваллудашон 1992 ва 1996, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд, манзилеро дар  кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт ба иҷора гирифта, тавассути Интернет ба шаҳрвандон хидматҳои шаҳвонӣ, аз ҷумла алоқаи ҷинсиро дар ивази пул пешниҳод мекарданд.

Вақте ки ягон “муштарӣ” ба доми онҳо меафтод, Шаҳнозаву Манижа ин мардони гумроҳу фиребхӯрдаро ба хонаи иҷорагирифтаашон даъват мекарданд ва ҳангоми айшу ишрати онҳо “ногаҳон” саркардаи ин дастаи роҳзанон Абдуманнон Болтаев дар дасташ завлона ва электрошокер ҳозир мешуд ва худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, гӯё занҳои танфурӯшро аз дасти он мардон “халос” мекард. Болтаев он мардҳои фиребхӯрдаро латтукӯб карда, дастонашонро бо завлона мебаст ва дар ҳамин ҳолат онҳоро  ба навор гирифта,  бо роҳи тарсондан дар ивази парванда накушодану ба касе фош накардани ин ҳолат аз ҳар кадоми онҳо маблағҳои калон талаб мекард. Ин маблағҳоро Болтаев баъдан бо шариконаш Шаҳноза ва Манижа тақсим мекардааст.

Ин ҷиноят вақте ошкор шуд, ки рӯзи 9 июни соли 2022 Шаҳноза ва Манижа тариқи Интернет 4 ҷавонро ба дом афтонда, ба манзили иҷораашон даъват кардаанд. Болтаев, ки аз пеш дар даруни он хона пинҳон шуда буд, ҳар кадоми ин ҷавононро ба ҳуҷраи дигар даъват карда,  дасту пойҳояшонро бастааст ва дар пайи латтукӯбу шиканҷа талаб кардааст, ки ҳар кадомаш бояд барои халосӣ маблағи калон биоранд.

Назари худи маҳкумшудаҳо дастрас нест, вале Сироҷиддин Шакурӣ, муаллифи гузориш гуфт, даст доштани онҳо дар ин ҷиноятҳои вазнин дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ исбот шуд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ, тавре аз наворҳои ВКД дида мешавад, Шаҳноза ва Манижа он либосу макияжи пурдабдабаи давраи танфурӯшиашонро канор гузошта, ба тан либоси хоксорона пӯшида ва ба сарашон рӯймол ҳам андохта, ҳар лаҳза оби чашм ҳам мекарданд. Вале ин сабки “духтарҳои бамаънӣ” дили додрасро об накард ва додгоҳ Шаҳнозаро ба 13 солу Манижаро ба 11 соли зиндон ва саркардаашон Болтаевро ба 16 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард.

Шакли пурраи барномаи “Ахбори ВКД” инҷост:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button