ФИРОРИ САРОСАРӢ: САДҲО ҲАЗОР НАФАР АЗ РУСИЯ БА ХОРИҶ, АЗ ҶУМЛА БА ОСИЁИ МИЁНА МЕГУРЕЗАНД (ВИДЕО)
Бино ба иттилои ФСБ Русия, танҳо дар 4 рӯзи аввали баъди эълони басиҷсозӣ (мобилизатсия) беш аз 261 ҳазор нафар тарки ин кишвар кардаанд. Нашрияи “Новая газета” бо нашри ин омор навиштааст, дар маъмурияти президенти Руси ба таври ҷиддӣ масъалаи бастани марзҳоро ҳам баррасӣ кардаанд.
Дар бораи ин ки садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандон ба хотири фирор аз рафтан ба ҷанги Украина тарки кишвар карда истодаанд, президенти Русия Владимир Путин низ хабар дорад. Рӯзи 26 сентябр, президенти Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари инак ҳафтумаш шаҳрвандонаш зиқ нашавад. “Онҳо худашон баъди чанде дархости бозгашт мекунанд”, – фол зад бо сабки хосаш Лукашенко.
Дар пайи эълони мобилизатсия нархи парвозҳо аз Русия даҳҳо маротиба боло рафт. Нархи парвоз то Анталияву Истанбул 400-500 ҳазор, то Дубай 300 ҳазор рубл шудааст. Аз Сочи то Ереван, ки ҳамагӣ як соат парвоз аст, нархи чипта то ба 355 ҳазор рубл расидааст. Он сокинони Русия, ки зӯрашон ба чунин чиптаҳои гаронбаҳо намерасад, маҷбур шудаанд, ки ба хатсайрҳои нисбатан “арзонтар”, ба мисли Хуҷанду Душанбе ё Бишкеку Тошканд чиптаи парвоз бигиранд. Нархи парвоз ба самти Осиёи Марказӣ низ дар рӯзҳои охир то 10 маротиба боло рафтаааст, вале дар муқоиса бо қимати парвоз ба Еревану Дубаю Истанбул, аз 60 ҳазор то 100 ҳазору 150 ҳазоре рубле, ки ин шабу рӯз барои парвоз аз Русия то Осиёи Марказӣ мепурсанд, ба назари сокинони Русия боз ҳам “боинсофтар” менамояд.
Онҳое, ки зӯрашон ба ин нарх ҳам намерасад, касе бо мошину касе ҳатто пои пиёда дар марзҳои заминии Русия бо Беларусу Гурҷистону Абхозистону Қазоқистон ва ҳатто дар марз бо Муғулистон навбатҳои чандинкилометриро ба вуҷуд овардаанд. Мақомоти Муғулистон гуфтанд, ки дар рӯзҳои охир шумори сокинони Русия, ки аз марзи ин кишвар убур кардаанд, се баробар афзудааст. Аз Қирғизистон хабар омад, ки баъди бозии рафиқонаи тими футболи ин кишвар бо тими Русия 5 корманди фаннии тими миллии Русия аз Бишкек ба Маскав барнагаштаанд.
Қазоқистон гуфт, танҳо то 27 сентябр 94 ҳазор нафар аз Русия марзи ин кишварро убур кардаанд. Шумораи фирориён ончунон зиёд аст, ки онҳоро дар шимоли Қазоқистон дар таҳхонаҳову мактабҳо ва ҳатто кӯдакистонҳо ҷой карда истодаанд.
Сокинони Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон низ аз фурӯ рехтани фавҷ фавҷи “гурезаҳо” аз Русия хабар медиҳанд. Ин шаҳрвандони фирорӣ мегӯянд, асосан ба ду сабаб тарки кишвари худ кардаанд:
- Намехоҳанд дар ҷанги бемаънӣ дар Русия кушта шаванд.
- Намехоҳанд касеро дар ин ҷанги бемаънӣ бикушанд.
Дар пайи фурӯ рехтани фавқи “гурезаҳо” аз Русия нархи меҳмонхонаҳову хонаҳои иҷора ва талабот ба манзилҳои иҷора дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ бакарат боло рафтааст. Бино ба гузориши нашрияи «РБК-Недвижимость», талабот ба иҷораи рӯзмарраи хонаҳо (посуточная аренда) дар рӯзҳои 21–27 сентябр дар муқоиса бо як ҳафтаи қабл, яъне рӯзҳои 14–20 сентябр, дар Қазоқистон 32 маротиба, дар Тоҷикистон 22 маротиба,дар Қирғизистон 15 маротиба, дар Арманистон 6 маротиба ва дар Гурҷистон 2,5 маротибаю дар Беларус 2 маротиба афзудааст.
Дар Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, дар меҳмонхонаҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон ва шаҳрҳои дигар ягон ҳуҷраи холӣ намондааст. Ҳатто дар меҳмонхонаи гаронбаҳои “Ҳятт Реҷенси”. Дар ин ҷо эътироф кардаанд, ки ба сабаби фурӯ рехтани меҳмони зиёд аз Русия ҳатто ҳуҷраи президентиро, ки аз ҳама гаронбаҳост, ба иҷора гирифтаанд. Риэлторҳо мегӯянд, дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон тақрибан ягон манзил барои иҷора додан ҳам дигар холӣ намондааст.
Журналисти тоҷик Хуршед Фозилов хабар дод, ки рӯзи 27 сентябр баои 3 рӯз ба Хуҷанд омад, вале дар дохили шаҳр дар ягон меҳмонхона ҷои холӣ ва ягон манзил барои иҷора ҳам наёфт ва маҷбур шуд, шабро дар як меҳмонхона дар берун аз шаҳр рӯз кунад.
Бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз ҳамватанони худ хостаанд, ки нисбат ба шаҳрвандони Русия, ки ба Тоҷикистон омадаанд, аз ҳадди аксари эҳтиром ва бо меҳмоннавозии хоси мардуми тоҷик кор бигиранд. “Онҳо аз хушӣ рӯ ба гурез наовардаанд”, – менависанд корбарони тоҷик.
Аз роҳбарони аввали минтақа масъалаи ҳиҷрати оммавии сокинони Русияро президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев шарҳ дод ва гуфт, ки ба онҳо бояд дасти кумак дароз кард.
“Мақоли қазоқӣ мегӯяд: Муносибати хуб бо ҳамсоя кафолати хушию оромист. Аз ҳама муҳим ҳифзи ризоият бо ҳамсояҳост. Рӯзҳои охир мардуми зиёде аз Русия ба кишвари мо меоянд. Онҳо аз ночорӣ рафта истодаанд. Мо бояд нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунем ва амнияташонро таъмин намоем. Ин як масъалаи сиёсӣ ва инсонист. Ман ба ҳукумат дастур додам, то чораҳои заруриро бияндешанд”, — гуфт Тоқаев ва афзуд, мақомоти Қазоқистон бо ҷониби Русия музокира хоҳанд кард, то “ин масъала ба нафъи Қазоқистон ҳал шавад”.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳоле ки нархи парвозҳо аз Русия то даҳҳо маротиба боло рафтааст, ба Русия метавон бо қимати ҳатто 100 доллар ҳам сафар кард. Вале шумори хоҳишмандони сафар ба Русия дар ин шабу рӯз ба шидддат коҳиш ёфтааст. Ба вижа дар байни онҳое, ки шаҳрвандии Русия доранд. Ин мардум чиптаҳои пештар харидаи худро ба сурати оммавӣ баргардонда истодаанд, зеро мегӯянд, ягон хоҳиш ё ҳавсалаи дар ин вазъияти ҳассос ба Русия рафтану дар онҷо ба мобилизатсия афтодану ба ҷанги Украина рафтанро надоранд.
Як сокини Осиёи Марказӣ аз дохили ҳавопаймои роҳии Русия видеои кӯтоҳеро нашр кардааст, Дар ин видео дида мешавад, ки дар як ҳавопаймои бузург ғайри ин марду писари хурдсолаш дигар касе нест.

