ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ДУ АСПИ ГАРОНБАҲОИ АРЗИШАШОН 200 ҲАЗОР СОМОНӢ (!!!) ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ

Сокини 37-солаи ноҳияи Б.Ғафуров  ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 18 сентябр аз бошишгоҳи №6-и ноҳияи мазкур 2 сар аспи як сокини маҳаллиро дуздида, ба соҳиби ин аспҳо 200 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 34-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабри соли 2021 аз як сокини Ҳисор бо роҳи фиреб 100 ҳазор сомонӣ гирифта, дар 2 моҳи аввал 10 ҳазор сомониаш пас додааст, вале пулҳои боқимондаро то ҳол барнагардондааст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, пас аз шаш моҳи фаъолият, аз вазифа барканор карда шудааст. Аммо масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯянд, ки Анзурат Назарзода аз вазифа барканор нашудааст, балки бо хоҳиши худаш аз ин вазифа даст кашидааст.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Ширинзода Муҳиддин Исмоил гуфт, дар асоси шикояти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун фаъолияти кории мудири шуъбаи маориф Анзурат Назарзода тафтиш ва як қатор камбудиҳоро ошкор кардаанд ва ба Вазорати маориф ва илми кишвар маълумотнома пешниҳод кардаанд. Худи Анзурат Назарзода дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Фараж” сабаби аз вазифа даст кашиданашро “беморӣ” унвон карда, ҳама гуна шикояти кормандону омӯзгорон ва тафтишро дар фаъолияти кориаш рад кард.
-Саломатиам хуб нест, бемории “диабети қанд” шудам. Ман худам аризаи аз кор рафтанамро навиштам. Дар ду маҷлис беҳуш шудам. Ягон омӯзгор ҳам шикоят накардааст ва тафтиш ҳам нашудааст, – гуфт мудири ҳамакнун собиқи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29.09.2022

Ошкор гардидани ҷинояти аспдуздӣ

6ed2d6bea8405ac

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми сентябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бошишгоҳи №6-и ноҳияи мазкур 2 сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 200 ҳазор сомониро ташкил ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Қисми чоруми моддаи 244 барои дуздӣ ба маблағи махсусан бузург ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ифшо шудани ҳодисаи қаллобӣ

054

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2021, марди 34-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, дар муддати 2 моҳ 10 ҳазор сомониро баргардонида, боқимондаашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button