ИқтисодКоррупсия

“СИМ-СИМ, ДАРРО КУШО!” ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БА ШИРКАТИ “АЛИБОБО ВА 40 К” БАРОИ СОХТАНИ КОРХОНАИ ПИВО 6 ГЕКТАР ЗАМИН ДОД

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 31 августи соли 2022 ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Алибобо ва 40 К” аз ҳисоби заминҳои корхонаи фаръии давлати “Лучоб” 6 гектар замин ҷудо кардааст, ки беш аз 5 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Маълум нест, соҳиби ин ширкати то ҳол ношиноси “Алибобо ва 40 К”  чӣ калимаи сеҳрнокеро  мисли  “Сим-сим, дарро кушо!” гуфтанҳои қаҳрамони афсонаи Алибобо ба кор бурдааст, вале ҳукумат дар ивази ин 6 гектар замин  аз ин ширкати ҶДММ  танҳо пардохти наздики 1,3 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 127 ҳазор долларро ба буҷаи ҷумҳурӣ тақозо кардааст. Ин маблағ нархи тақрибан 30 ило 40 сотих замин дар ҳудуди Лучоб аст, ки солҳои охир нархи замин дар инҷо ба маҳзи наздик буданаш ба пойтахт ва табиати зебояш ба маротиб боло рафтааст.

Тибқи қарори ҳукумат, ширкати “Алибобо ва 40 К” ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки заминҳои аз ҳукумат гирифтаашро “мақсаднок” истифода бурда, дар инҷо корхонаи замонавии истеҳсоли маҳсулоти оби ҷав (пиво), нӯшокиҳои ташнагишикани гуногунранг ва ҳамчунин тарабхонаи брендӣ барои фурӯши маҳсулоти оби ҷав бисозад.

Ба кӣ тааллуқ доштани ширкати “Алибобо ва 40 К” маълум нест ва дар бораи ин ширкат дар манбаъҳои боз пайдо кардани ягон маълумот ҳанӯз муяссар нашудааст. Вале маъмулан чунин шароити пуримтиёз барпои пешбурди тиҷоратро дар Тоҷикистон мақомот ба ширкатҳое медиҳанд, ки ба наздикони мансабдорони баландпояи ин кишвар тааллуқ доранд.

Исми ширкат – “Алибобо ва 40 К” –  табъан аз афсонаи “Алибобо ва 40 роҳзан”, яке аз афсонаҳои аз ҳамаи машҳури китоби “Ҳазору як шаб” гирифта шудааст.  Ин афсона дар бораи ҳезумкаши фақире бо номи Алибобост, ки рӯзе тасодуфан аз як ғор, ки ҳамчун макони хазинаи як дастаи роҳзанҳо истифода мешуд, хабар ёфта, баъди рафтани онҳо калимаи сеҳрноки “Сим-сим, дарро кушо!”-ро ба забон оварда, вориди он ғор мешавад ва миқдори тилову ҷавоҳиротро бо худ бурда, аз зиндагии фақирона халос мешавад. Вале бародари баднафси ӯ Қосим ба ин ғор омада, мехоҳад сарвати бузурге ба миқдори беш аз ҳадди тавони худро берун барад, вале ба дасти роҳзанҳо афтода, нафақат ҷони худро аз даст медиҳад, балки аз ин хазина миқдоре тилову ҷавоҳирот бурдани додараш Алибоборо низ ошкор мекунад.

Роҳзанҳо бо мақсади ҷазо додани Алибобо ба хонааш меҳмон мешаванд, вале Алибобо бо кумаки зани оқилааш аз мақсади бади онҳо хабар ёфта, бар ин 40 роҳзан пирӯз меояд.

Бар асоси ин афсона дар солҳои 80 дар киностудияи “Ӯзбекфилм” як филми ҳунарии муштараки Ҳиндустони СССР низ ба навор гирифта буданд, ки он вақтҳо шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Дар он филм нақшҳои асосиро ситораҳои машҳури синамои ҳарду кишвар, аз ҷумла Дхармендра, Хема Малини, Зиннат Амон (аз Ҳиндустон) ва Ролан Биков, Фрунзик Мкртчян, Софико Чиаурели (аз Иттиҳоди ШӯравӣҒ иҷро карда буданд.

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

В соответствии со статьями 26(1), 29, 30, 41 и 42 Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Изъять из земель сельскохозяйственного назначения Государственного унитарного предприятия “Лучоб” Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан общей площадью 6,0 гектаров, из них 5,27 гектаров орощаемой пашни и 0,73 гектара прочих неиспользуемых земель в сельском хозяйстве и предоставить в бессрочное пользование без права отчуждения права пользования Обществу с ограниченной ответственностью “Алибобо и 40 К” под строительство современного завода по производству пивных изделий, разноцветных жаждоутоляющих напитков и брендового ресторана по продаже пивных изделий.

2. Обществу с ограниченной ответственностью “Алибобо и 40 К”:

– до изъятия земельного участка возместить убытки землепользователя в полном объеме;

– возместить в установленном порядке 1276932 (один миллион двести семьдесят шесть тысяч девятьсот тридцать два) сомони средства потерь, связанных с изъятием земель из сельскохозяйственного оборота, на специальный счет республиканского бюджета;

– использовать в установленном порядке предоставленный земельный участок по целевому назначению.

3. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:

– осуществить государственную регистрацию земельного участка и право его пользования после возмещения средств, указанных в пункте 2 настоящего постановления;

– внести соответствующие изменения в земельно-кадастровую документацию.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button