ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САЛЮТЗАНИИ ШАБОНАИ СЕ НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ ҲАМАРО ТАРСОНД

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки садои баланди таркишмонанде, ки  шаби 27 сентябри соли 2022, тахминан соати 21:45-21:50  дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон садо дод ва хабараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дар асл таркиш набуд

Дар иттилоияи милитсияи пойтахт гуфта мешавад, ки бо мақсади санҷиш ва муайян намудани хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, гуруҳи фаврию тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фавриюҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, муайян кардааст, ки садои таркишмонанди рухдода  дар натиҷаи истифодаи оташфаввора (салют) аз ҷониби 3 нафар ноболиғони 15-16 сола дар, назди бинои истиқоматии 9-ошёнаи №33-Б  дар кӯчаи Б.Ғафуров будааст, ки боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст.
 “Ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷониби кормандони милитсия санҷиш ҷараён дорад”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Ворид кардан, харидуфурӯш ва истифодаи маводи пиротехникӣ, аз ҷумла “хлопушка” ва оташфаввораҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз расман манъ гардида, барои чунин аъмол ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар сол дар арафаи Соли нав, ки авҷи мавсими истифодаи маводи пиротехникист, кормандони милитсия дар Тоҷикистон амалиётҳои густардаеро ба зидди паҳкунандагон ва истифодабарандагони маводи пиротехникӣ ба роҳ андохта, аз мусодираи даҳҳо ҳазор “хлопушка”, оташфаввора ва дигар маводи пиротехникӣ хабар медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button