ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР ДОЛЛАРУ ЕВРО АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ КИШИНЁВ (2 АКС)

Хадамоти боҷхона ё гумруки Молдова хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти ин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ, рӯзи 27 сентябри соли 2022  аз як кӯшиши ғайриқонунӣ ба хориҷ баровардани маблағи бузурги асъори  хориҷӣ пешгирӣ кардааанд. Гуфта мешавад, кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Кишинёв аз бағочи як зани 51-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Кишинёв ба Истанбули Туркия парвоз мекард, 91 ҳазору 400 доллари Амрико ва 15 ҳазору 400 евро пайдо ва мусодира кардаанд.

Бино ба иттилоияи Хадамоти гумруки Молдова, рӯзи сешанбе, 27 сентябр, ҳангоми тафтиши гумрукии мусофирони парвози Кишинёв — Истанбул як зани 51-сола, ки бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт, мехост бо “роҳрави сабз” гузашта, ба ҳавопаймо нишинад. Маъмулан аз “роҳрави сабз” бояд онҳое гузаранд, ки чизе барои эълом карданд ба кормандони боҷхона ё гумрук надоранд.

 “Азбаски ҳангоми тафтиши бағочи дастии ин мусофир бо рентгенограф чизҳои монанд ба пул ба мушоҳида расид, бағочи ин мусофирзанро таҳти тафтиши мӯшикофонаи ҳузурӣ қарор доданд. Дар натиҷа, дар байни чизҳои шахсии ӯ миқдори зиёди пули нақд бо асъори хориҷӣ — 91 ҳазору 400 доллари Амрико (муодили қариб 1,8 млн лейи Молдова) ва 15 ҳазору 400 евро (баробари наздики 290 ҳазор лей) ёфт шуд, ки ин зан мехост ба таври ғайриқонунӣ аз кишвар берун барорад, чунки расман ин маблағҳоро эъломия накарда буд”, гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти боҷхонаи Молдова.

Маблағҳои аз бағочи ин зани тоҷик ёфтшударо мақомот гирифтаанд ва парвандаашро барои тафтиш ба раёсати тафтишоти Хадамоти боҷхона супурдаанд. Тибқи қонунҳои Молдова, ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ва ҳатто мусодираи пулҳои гирифташуда таҳдид мекунад.

Ин нахустин мавриди гузоришшудаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маблағи бузурги асъори хориҷӣ дар Молдова аст. Дар ин ҷумҳурии Шӯравии собиқ як шумори хеле ками муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Вале шумори онҳо дар моҳҳои охир хеле бештар шуд, чунки муҳоҷирони тоҷике, ки дар Украина ба сар мебурданд, аксаран баъди шурӯи ҷанг дар ин кишвар ба кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла ба Молдова паноҳ бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button