ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

“МАН ТОҶИКЧА НАМЕДОНАМ…” НАШРИ ТАРОНАИ НАВИ ЮЛДУЗ УСМОНОВА (ВИДЕО)

Юлдуз Усмонова, яке аз тобонтарин ситораҳои эстрадаи муосири ӯзбек рӯзи 26 сентябри соли 2022 таронаи навашро бо номи “Тоҷикӣ медонед?” нашр кард. Юлдуз ин таронаро ҳамроҳ бо овозхони ҷавони тоҷикзабони зодаи Ӯзбекистон Малик иҷро кардааст.

Тарона алакай дар як рӯзи аввал ва танҳо дар канали расмии Юлдуз Усмонова дар Ютуб наздики 300 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Ин тарона бо як лаҳни шӯху сабук дар сабки машҳури бандарӣ иҷро шуда, тавре ҳам ки аз номаш бармеояд, пиромуни забони тоҷикиро донистан ё надонистани Юлдуз аст.

Юлдуз Усмонова аз ситораҳои эътирофшудаи эстрадаи муосири Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ӯ 12 декабри соли 1963 дар шаҳри Марғилони вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Ин ситораи эстрадаи ӯзбек дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёд дорад, ки ба хотири онҳо чандин таронаро ба забони тоҷикӣ ҳам иҷро кардааст.

Юлдуз ва Малик дар таронаи “Тоҷикӣ медонед?” аз ҷумла чунин сатрҳоро мехонанд:

Малик:

Тоҷикӣ медонед?

Каме, духтар, гап занед!

Юлдуз:

Ман тоҷикча намедонам,

Тушунаману лекин кам-кам.

Ман тоҷикча намедонам,

Гапураману лекин кам-кам.

Ин алакай дуюмин таронаи Юлдуз ва Малик ба забони тоҷикист. Таронаи қаблии онҳо бо ном  “Ёр, биё” дар 4 моҳ дар канали Юлдуз дар Ютуб беш аз 20 миллион тамошобин ҷамъ овардааст.

Ҳамин тавр, таронаи “Таролла даллӣ” дар иҷрои Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё, ки ин ситораи эстрадаи ӯзбекро устоди худ меномад, танҳо дар канали Шабнам беш аз 14 миллион гирд овардааст. Шакли ӯзбекии ин таронаро дар иҷрои худи Юлдуз дар каналаш то имрӯз 55 миллион нафар тамошо кардаанд.

https://youtu.be/X21T8IQkJ2Q с

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button