ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КОРМАНДИ ТОЛОРИ МАСҲИ ШАҲВОНӢ ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Додгоҳи вилояти Челябински Русия як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми таҷовуз ва куштори як сол пеши  як зани корманди толори масҳи шаҳвонӣ (салон эротического массажа) ба 26 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситонии вилояти Челябинск рӯзи 27 сентябри соли 2022  дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки додгоҳ ин ҷавони тоҷикро ба пардохти 997 ҳазор рубл ҷуброни зарари маънавӣ ба намояндаи тарафи ҷабрдида низ муваззаф кардааст.

Ин ҷавони тоҷик бар асоси банди „б“ қисми 2 моддаи 131, банди „б“  қисми 2 моддаи 132, бандҳои „д“ ва  „к“ қисми 2 моддаи  105, банди. „в“ қисми 2 моддаи  158 ва қисми 2 моддаи 325 Кодекси ҷиноятии Русия  дар таҷовуз ба номус бо бераҳмии махсус, ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ бо бераҳмии махсус, куштор бо бераҳмии махсус, бо мақсади пӯшондани ҷинояти дигар; ва дуздӣ, аз ҷумла дуздии шиноснома  гунаҳкор дониста шудааст.

 “Додгоҳ муайян кард, ки  субҳи 13 сентябри соли 2021 айбдоршаванда ба манзили ҷабрдида омада, ӯро таҷовуз кард ва сипас бо роҳи буғӣ кардан ӯро кушт. Ӯ аз хонаи ҷабрдида пулу мол ба маблағи 17 ҳазор рубл ва ҳамчунин шиносномаи ҷабрдидаро дуздид” – хабар додааст додситонии вилояти Челябинск. Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшуда метавонад аз он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Худи ин ҷавон, ки як сол боз дар боздошт қарор дорад, барои шарҳи парвандааш дастрас нест, вале додситонӣ гуфт, ки ӯ дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ пурра иқрор кардааст.

“Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки бино ба фарзияи тафтишот, субҳи 13 сентябри соли 2021, айбдоршаванда  дар ҳолати мастӣ аз рӯи эълони хидматрасониҳои эротикӣ бо мақсади қонеъ сохтани талаботи шаҳвониаш ба як манзил дар кӯчаи Чайковскийи шаҳри Челябинск омадааст. Зани масҳгар, ки ба мардум масҳи эротикӣ пешниҳод мекард,  барои ин ҷавони тоҷик масҳи релаксатсияро анҷом додааст, вале ҷавон чизе бештар аз танҳо масҳро талаб карда, ба ин зан пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Зан инро рад карда, аз муштарӣ хостааст, ки хонаи ӯро тарк кунад. Аммо ҷавон ба тариқи зӯроварӣ ба номуси зани масҳгар бо як бераҳмии махсус таҷовуз карда, баъди ин, аз тарси инки ӯ метавонад ба пулис шикоят кунад, ӯро буғӣ карда, куштааст ва телефону паспорти ӯро гирифта, он хонаро тарк кардааст.

Вақте ки зан дар давоми рӯз ягон бор аз худ дарак надод, наздиконаш ба суроғи вай афтода, ҷасади беҷонашро дар манзилаш пайдо кардаанд.

Ҷавони тоҷикро бар асоси сабти видеокамераҳое, ки дар ҳарт кунҷи он манзил гузошта шуда буданд, хеле зуд муайян ва дастгир карданд.

Зани масҳгар ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз зодрӯзи 35-умаш кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ҷавон ӯро барои он куштааст, ки ҷинояти қаблиаш, яъне таҷовуз ошкор нашавад. Бехабар аз он ки камераҳои зиёди дар он манзил насбшуда ҳар қадами ӯро ба навор мегирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button