ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ПЕШГИРӢ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШИИ ЯК ДУХТАР ДАР ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки соати қариб сеи шаби 28 сентябри соли 2022 наҷотдиҳандагони ин ниҳод аз қасди худкушии як духтари 25-сола пешгирӣ кардаанд. Ин духтар аз шаҳри Бохтар, ки ба Душанбе омада, мехост худро аз қабати 16-уми бино ба замин партояд.

Бино ба иттилоияи  Кумита, шаби 28 сентябр, соати 02:39, ба қисми навбатдори ин ниҳод сокинони бинои № 56 хиёбони Синои шаҳри Душанбе занг зада хабар додаанд, ки як духтар мехоҳад худро аз қабати 16-уми бино ба замин партояд ва барои наҷоти ӯ кумак лозим аст.

Наҷотдиҳандагон аз гуруҳи зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт билофосила ба ҷои ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки як духтари соли таваллудаш 1997 ахз шаҳри Бохтар дар лаби бом истода, касеро ба пешаш наздик шудан намемонад ва таҳдид мекунад, ки худро мекушад.

Равоншиноси кумита бо ин духтар ба суҳбат пардохт ва бо ин таваҷҷуҳи ӯро ба худ кашид. Дар ин байн наҷотдиҳандагони дигар тавассути тирезаи дигар гузашта, тавонистанд ӯро аз болои бом бигиранд. Амалиёти наҷоти ин духтар алакай соати 02:42 ба поён расид.

 Духтари наҷотёфтаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Бино ба маълумоти аввалия, ӯ ба сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ қасди ҷони худ кардааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо ноболиғ низ қасди ҷони худ мекунанд. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button