ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ТАНҚИДИ РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯ АЗ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР АНҶУМАНИ ВАРШАВА

Рӯзи 26 сентябри соли 2022 года дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) анҷумани солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оғоз ба кор кард. Ин анҷуман 10 рӯз давом мекунад. Анҷуманҳои солонаи САҲА ба далели пандемия ду соли гузашта ба сурати ҳузурӣ доир нашуд.

Қарор аст, дар анҷумани имсола ҳайъатҳои алоҳидаи ҳукумати Тоҷикистон, ҷомиаи шаҳрвандии ин кишвар ва гуруҳҳои мухолифини тоҷик иштирок кунанд. Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” хабар дод, ки ҳудуди 19 узваш аз ин гуруҳ дар Варшава намояндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо аз ҷумла Беҳрӯз Тағойзода, муҷрии барномаи “Садои мардум”, Ҳусейн Ашӯров, муҷрии барномаи “Ҳақ ва ботил” дида мешаванд.

Ҳамчунин, ҳудуди 10 вакил аз Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи низ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои мухолифин ҳам ба анҷумани Варшава омадаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайъати ҳукуматро имсол дар анҷумани САҲА Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси ҳизби дар Тоҷикистон ҳокими халқии демократӣ роҳбарӣ мекунад. Вале вакилони мухолифин рӯзи 27 сентябр аз Варшава ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки  ду рӯз боз курсиҳои ҷудошуда барои ҳайъатҳои расмии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳое, чун Русия ва Беларус дар анҷумани САҲА  холист.

Дар рӯзи аввали анҷуман намояндагони ҳайъатҳои расмии кишварҳо суханронӣ карданд ва рӯзи дуюм, 27 сентябр навбат ба намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандӣ ва мухолифин дода шуд.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суханрониаш аввал дар бораи ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Будахшон ҳарф зад ва гуфт, мақомот зимни саркӯби эътирозҳои осоишта тақрибан 50 сокини маҳаллиро ба ҳалокат расонданд ва садҳо тан аз фаъолон, аз ҷумла дастикам 10 журналист ва блогер дастгир шуданд ваё рӯ ба фирор оварданд.

Кабирб ҳамчунин аз ҷомиаи байналмилалӣ интиқод кард, ки вақт ва нирӯи зиёдеро харҷи муколама ва ҳамкорӣ бо режимҳои ислоҳнашаванда кард.

“Ва дар натиҷа мо он чизеро дорем, ки имрӯз дар Россия, Белорус, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои шабеҳ мебинем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳукуматҳои саркӯбгар ва дарозумр аллакай таҷриба ҳосил кардаанд, ки чӣ тавр гуфтугӯ бо кишварҳои демократиро ба як раванди тӯлонӣ ва “гуфтугӯ дар бораи ҳеч” табдил бидиҳанд ва дар охир бештарин фоидаро барои таҳкими ҳокимияти худ ба даст биёранд. Ва дар натиҷаи ин муколамаҳои доимӣ дар бораи “ҳуқуқи башар, демократиякунонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” на танҳо вазъ беҳтар нашуд, балки дар мисоли кишвари мо, ба маротиб бадтар ҳам шуд”, – натиҷагирӣ кард роҳбари оппозитсияи тоҷик.

Ҷамшед Ёров аз Бунёди Бузургмеҳр Ёров гуфт, адвокатура ҳамчун ниҳоди ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон комилан торумор шудааст ва имрӯз дар ҷумҳурӣ “нақши адвокатура  танҳо бо машрӯият бахшидан ба ҷараёни тафтишот ва судури ҳукмҳо маҳдуд карда шудааст”.

Алим Шерзамонов аз Кунгураи озодандешони тоҷик масъалаи иваз нашудани ҳукуматҳоро дар кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки бар он аз соли 1992, инак 30 сол боз Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад, матраҳ кард. Шерзамон гуфт, низоми ҷаҳонӣ бояд чунон тағйир дода шавад, ки  дар арсаи байналмилалӣ дигар касе бо президентҳое, ки беш аз 20 сол дар сари қудратанд, ҳатто салом накунад.

Мадинаи  Ҳикматулло аз Маркази ҳуқуқи башар дар Вена дар анҷумани САҲА аз парвандаҳои Улфатхоним Мамадшоева ва Шоҳида Мамадҷонова ёдовар шуд ва  гуфт, дар Тоҷикистон занони фаъол низ бераҳмона саркӯб карда мешаванд.

Анҷуманҳои солонаи САҲА дар Варшава дар солҳои охир ба як майдони асосии баҳсҳои сиёсӣ байни намояндагони ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва мухолифинаш, ки аксараш аз дохили кишвар ронда шуда, ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият доранд, табдил ёфта буд.

Соли 2019, дар охирин анҷумани ҳузурии Варшава, ҳайъати расмии Тоҷикистон баргузоркунандагони ин ҳамоишро ба додани минбар ба “гуруҳҳои ифротию террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ” айбдор кард ва ба нишони эътироз анҷуманро тарк гуфт. Ба дунбол, дафтари САҲА дар Тоҷикистон  таҳти фишор қарор гирифт ва маҷбур шуд, ба ҷуз аз дафтари марказиаш дар Душанбе боқӣ ҳама дафтарҳои худро дар музофоти ин кишвар бубандад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар  тавонистанд, ки забон як карда, монеи идомаи фаъолияти як идда аз роҳбарони калидии ин созмони байналмилалӣ шаванд. Ин мансабдорони бо фишори Душанбе, Боку, Анкара ва Маскав барканоршуда онҳое буданд, ки зиёд лаб ба танқиди режимҳои худкома, аз ҷумла дар кишварҳои узви САҲА мекушоданд ва онҳоро ба нақзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои демократӣ айбдор мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button