ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

НАХУСТИН ЗУҲУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАҲЗАРИ ОМ БАЪДИ 11 РӮЗИ “ГӮШАНИШИНӢ”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 16 сентябри соли 2022, аз замони иштирокаш дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд дар тӯли 11 рӯз ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашуда буд, рӯзи 27 сентябр, дар мулоқот бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи забонҳо суханронӣ карда, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи гимназияи “Нуриддин” дар пойтахт иштирок кардааст.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки барои чунин муддати тӯлонӣ, яъне 11 рӯз ғайб задани ӯ сару садоҳои гуногунеро дар ҷомиа ба вуҷуд овард ва ахиран, шоми 26 сентябр, ин ҳама сарусадоҳоро журналисти тоҷики муқими Олмон Додоҷон Атовуллоев расонаӣ кард.

Ӯ дар матлаби кӯтоҳе бо номи “Талаби шифо” дар Фейсбук навишт: “Баъди нишасти Самарқанд президенти Тоҷикистон дар бистари беморист. Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки аз таҳқиру тавҳин даст бикашанд ва барои шифои комилу оҷилу ӯ дуогӯ бошанд”.

Бархе баъди расонаӣ шудани ин сарусадоҳо ба мулоқоти донишҷӯёну устодони Донишкадаи забонҳо рафтани Эмомалӣ ва иштироки ӯ дар маросими гушоиши гимназияи “Нуриддин”-ро як навъ кӯшиши ба сурати ғайримустақим рад кардани ин ҳама овозаҳои бархоста дар атрофи вазъи саломатии президент мешуморанд.

Як ҳамсуҳбати огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба ин ишора кард, ки ба фарқ аз чунин мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта, ки ба таври густарда дар расонаҳои давлатӣ инъикос ва тавассути телевизиони давлатӣ ба сурати мустақим пахш мешуд, формати мулоқот дар Донишкадаи забонҳо хеле маҳдуд буд ва бо гузашти чанд соат аз баргузории ин мулоқот ва то замони таҳия ва нашри ин гузориш, хадамоти матбуоти президент ҳанӯз ҳам ягон аксе ё видеое аз ҷараёни ин дидор нашр накарда буд. Аз маросими ифтитоҳи гимназияи “Нуриддин” низ то соати 13 ба вақти Душанбе ҳанӯз аксе ё видеое нашр нашуда буд.

Хадамоти матбуоти Донишкадаи забонҳо, ки як ниҳоди ҳамеша дастбакору фаъол буд, пиромуни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ин донишкада танҳо ин як хабари кӯтоҳро нашр кардааст:

Мужда: Бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Донишкадаи забонҳо ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода иваз карда мешавад”.

Охирин акси нашркардаи хадамоти матбуоти президент аксаш аз мулоқоти ӯ бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳошияи нишасти Самарқанд аст, ки рӯзи 16 сентябр доир шуда буд.  Дар 11 рӯзи охир хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолиятҳои ӯ ҳамчун раҳбари кишвар танҳо чанд хабари кӯтоҳе дар бораи гуфтугӯи телефонии рӯзи 18 сентябри ӯ бо президенти Русия Владимир Путин, суҳбати телефонии рӯзи 20 сентябраш бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ва субҳи 27 сентябр хабари ирсоли барқияи таъзия боз ҳам ба Путин дар робита ба қатли дастаҷамъӣ дар як мактаби Ижевскро нашр карду тамом. Бо вуҷуди онки дар ин байн ҳаводиси бузурге, бавижа муноқишаи мусаллаҳонаи пурқурбонӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон баъди он дидораш дар Самақанд бо Ҷабборов дигар ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашуд, ки дар бораи ин ҳаводис  сухан кунад. Ӯ ҳамин тавр ба тақозоҳои зидёди мардум дар бораи эълони мотами миллӣ ба ёди қурбониёни муноқишаи ахири марзӣ вокуниш накард.

Эмомалӣ Раҳмон  5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 мерасад. Ӯ аз соли 1992, инак 30 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад.  Чанд сол боз дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президентӣ суҳбат мекунанд. Барои ин ҳанӯз дар соли 2016 ҳатто Қонуни асосии Тоҷикистонро тағйир дода, синни номзадӣ ба президентиро пойин оварданд.  Вале иҷрои ин нақша инак чанд дафъа боз ба таъхир гузошта мешавад ва дар интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзадии худашро пешбарӣ карда, замони раёсаташро то соли 2027, яъне то 75-солагиаш тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button