ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ: БА ТОҶИКИСТОН БОЗ ЧАНГБОДИ “АФҒОНӢ” МЕОЯД, ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 27 сентябри соли 2022 бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки то аз 17 то 29 сентябри соли ҷорӣ дар бархе ноҳияҳои ҷануби кишвар ва ноҳияҳои тобеи марказ то суръати 17-22 метр дар як сония  шиддат гирифтани шамол пешбинӣ шуда, эҳтимоли фурӯ рехтани чангбоди маъруф ба “боди афғонӣ” зиёд аст.

Дар ин иртибот Комитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ба касоне бештар таваҷҷуш кунанд, ки аз бемориҳои дилу раг, диебети қанд ранҷ мебаранд. 

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг бахусус дар роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта,  суръати ҳаракат  ва фосиларо дар роҳҳо риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми

навбатдории КҲФ:

223-13-11;

93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73;

225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05;

2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;

2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57;

2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72;

5-15-55.

ЗАНГ ЗАНЕД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button