ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОН ДАР КОНИБОДОМ ВА ДУЗДИИ ПУЛ АЗ ДОХИЛИ “МЕРСЕДЕС”

Шаби 25-уми сентябр, тахминан соати 20:30, дар шаҳри Конибодом, як дучархарони соли таваллудаш 1993 зери чархи “Опел” монда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи август аз дохили як мошини “Мерседес” дар кӯчаи А.Дониш 6 ҳазор сомонӣ ва корти “Амонатбонк”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27.09.2022

Ҳалокати дучархарон дар пайи садамаи нақлиётӣ

002

25-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Турсунов Қаҳрамон Қаҳҳорович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ибрагимов Фаридун Икромҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин шаҳрро, ки аз тарафи рост ба тарафи чап роҳро убур менамуд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ибрагимов Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Тасарруфи маблағи пулӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашина

010

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 29-уми августи соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс», ки дар кӯчаи А.Дониши пойтахт беназорат меистод, 6 ҳазор сомонӣ ва 1-адад корти «Амонатбонк»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидшуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button