ВидеоМуҳоҷирон

АЗ ҒОЯТИ РАШК… ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК БАРОИ ҚАТЛИ ДУ ҲАМВАТАНАШ ДАР РУСИЯ

Раёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 27 сентябри соли 2022 хабар дод, ки додгоҳи ин кишвар як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми омддаи 104 Кодекси ҷиноятии Русия дар куштори ду ҳамватанаш гунаҳкор шинохта, ба 13 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Раёсати тафтишот дар бораи шахсияти маҳкумшуда маълумоти аз ин бештаре надодааст, вале қаблан гузориш шуда буд, ки як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар Петербург дар заминаи раш ба як зани аз худаш калони 42-сола, ки қаблан бо ӯ робитаи ишқӣ дошт,  ҳамроҳи бародараш заон як карда, аввал ҷавони 25-солаи тоҷикро куштаанд ва сипас худи он занро.

Худи маҳкумшуда ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, дар рафти тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ муайян карда шуд, ки ин марди тоҷик ҳамватанони худро дар заминаи хусумати шахсӣ ва аз ғояти рашк куштааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, маҳкумшуда хабар ёфтааст, ки як ҳамватанаш бо зане, ки қаблан бо ӯ робита дошт, ошноӣ пайдо кардааст. Ӯ  дар пайи куштани рақибаш шуда, ба ин кор як хешованди худро ҷалб кардааст. Онҳо шаби 24 ба 25 октябри соли 2020 дар кӯчаи 1-я Утиная ба ҷабрдида ҳамла оварда, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондаанд ва ҷасадашро дар ҷангалзори канори ин кӯча зери хок кардаанд.

Рӯзи дигар маҳкумшуда хабар ёфтааст, ки маъшуқаи собиқаш мехоҳад ба пулис дар бораи гум шудани он марди дигар хабар диҳад. Ба ин сабаб, ӯ бо фиреб ин занро ба як ҷангал дар паҳлуи роҳи Коннолахтинская бурда боз ҳам ҳамроҳи ҳамон шарикаш буғӣ карда, куштааст.

 “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки ҷасади шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро, ки 24 октябри соли 2020 бедарак шуда буд, баъди 7 моҳ: рӯзи 26 майи соли 2021 аз даруни ҷангал дар паҳлуи кӯчаи 1-я Утиная дар ноҳияи Приморйеи шаҳри Санкт-Петербург  пайдо карданд. Бо гумони даст доштан дар қатли ӯ як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дастгир шуда буд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, дар ин куштор бародари калонии нафари дастгиршуда низ даст дошт. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, с.т. 1989, аз 11 январи соли 2021 таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор дода шудааст.

Гуфта мешуд, ҳарду бародар қурбонии худро ба ноҳияи Приморйе даъват карда, дасту пояшро бо арғамчин бастаанд ва сипас яке аз онҳо аз пойҳои ӯ доштаасту дигарӣ гулӯяшро буғӣ кардааст. Баъди ҷон додани ҷавони тоҷик, қотилон ҷасади ӯро ба ҷангали наздиктарин бурда, зери хок кардаанд.

Ин ду бародар ҳамчунин ба он айбдор мешаванд, ки як рӯз баъд аз қатли ҷавони тоҷик, рӯзи 25 октябри соли 2020 як зани 42-сола аз Тоҷикистонро бо айни шева куштаанд. Ҷасади нисфаш зери хок кардаи ин занро рӯзи 15 ноябри соли 2020 дар як ҷангал дар мавзеи Юнтоловои ноҳияи Курортний дар паҳлуи шоҳроҳи Коннолахтинское пайдо карданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, яке аз бародарон ин занро бо роҳи фиреб ба он ҷангал бурда, дасту пояшро бастааст. Сипас бародари ӯ бо бел ду маротиба ба сари зани бечора задааст. Баъди ин бародарон занро то мурдан буғӣ карда, ҷасадашро зери хок кардаанд, вале ин корро чунон саросема анҷом додаанд, ки нисфи ҷасад аз хок берун мондааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Ва ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд, вале даҳҳо тани онҳо ҳар сол бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла бо дасти ҳамватанҳои худашон тарки дунё мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button