ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

12 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АМАЛИЁТИ НАҶОТИ СЕ САЙЁҲ ДАР КӮҲҲОИ ДАРАИ ВАРЗОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотдиҳандагонаш дар рӯзҳои истироҳат се сайёҳеро дар кӯҳҳои дараи Варзоб дармонда буданд, наҷот додаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи шанбе, 25 сентябри соли 2022  се сайёҳ дар мавзеи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб дар кӯҳ дармонданд ва яке аз онҳо ба болои ин аз баландӣ афтода, ҷароҳат ҳам бардоштааст. Дар ин бора ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани сокини Душанбе занг зада, хабар додааст. Ӯ гуфтааст, аз дучори мушкил шудани сайёҳон аз суҳбати телефонӣ бо онҳо хабардор шудааст.

Кумитаи гуфт, бо дарёфти ин хабар гуруҳи наҷотбахшони кӯҳнаварди раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии ин ниҳод билофосила ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Наҷотбахшон макони дармондани сайёҳонро муайян ва бо онҳо тамоси садоӣ барқарор кардаанд. Шоми ҳамон рӯз, ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки яке аз сайёҳонро аз кӯҳ пойин фароранд ва ба Душанбе бифиристанд.

Вале ба далели фаро расидани торикӣ идомаи амалиёти наҷот ба субҳи рӯзи дигар монанда шуд. Наҷотбахшон низ он шаб ҳамроҳи сайёҳон дар кӯҳ истоданд.

Баробари расидани субҳи 26 сентябр, соати 05:30 наҷотбахшон амалиёти наҷоти ду сайёҳи боқимондаро идома дода, ҳардуро бо кумаки таҷҳизоти махсуси фаннӣ пойин фароварданд ва сайёҳи маҷруҳро ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иттилоияаш дар бораи аз кадом кишвар будани сайёҳони дар кӯҳҳои Варзоб дармонда маълумоте надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button