ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

РАИСИ АНҶУМАНИ ЗАНҲОИ СОҲИБКОРИ ХАТЛОН БА ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 26 сентябри соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи  Раъно Назирова, раиси Анҷумани занҳои соҳибкори вилояти Хатлон хабар дод. Раъно Назирова бар асоси қисми чоруми моддаи 247, банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург, мушаххасан ба тасарруфи маблағҳои бузург аз занони соҳибкор айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Назирова Раъно Маҷидовна дар вазифаи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба узвияти Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748 ҳазору 435 сомониро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.  Бо ҳамин тарзу усул Раъно Маҷидовна маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба дастовардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”.

  Тафсилоти дигари парванда оварда нашудааст. Худи Назирова барои шарҳи иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда дастрас нест.

Ба Раъно Маҷидовна бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё  ҳудуди 6 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Ӯ ҳамин тавр, муваззаф хоҳад шуд, ки зарари ба занони соҳибкор расондаашро, ки қариб 750 ҳазор сомонӣ, ё ҳудуди 70 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ҷуброн кунад.

Анҷумани занҳои соҳибкори вилояти Хатлон соли 2019 бо ҳадафи кумак ва пуштибонӣ аз занони соҳибкори ин минтақа таъсис дода шудааст. Ин созмон, тибқи оинномааш, бояд ба занони соҳибкор дар мавриди боло бурдани дониши ҳуқуқиву иқтисодӣ, ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, мусоидат ба иштироки васеи занон дар арсаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин барои дастрас кардани гранту кумакҳои билоиваз барои занони соҳибкори Хатлон кумак мерасонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button