ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонЧеҳраҳо

РАҲБАРИ ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН РАВШАНБЕК СОБИРОВ АЗ МАНСАБИ ДАВЛАТӢ БАРКАНОР ШУД

Президенти  Қирғизистон Содир Ҷабборов  Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро аз мақоми мудири Агентии милли сармоягузории ин кишвар озод кард. Дар ин бора рӯзи 26 сентябри соли 2022 хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод. Ин ниҳод гуфт, роҳбари тоҷикони Қирғизистон “бо хоҳиши худаш” барканор карда шудааст.

Сабаби аслии барканории Равшанбек Собиров ҳанӯз маълум нест. Вале барканории ӯ дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои  14-17 сентябри соли 2022  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ва ҳудуди 400 захмӣ ба ҷо гузошт. Қирғизистон ҳалокати 62 нафар ва Тоҷикистон расман ҳалокати дастикам 41 нафарро тасдиқ карданд, вале дар матбуоти Тоҷикистон рӯйхатти алакай 75 нафари кушташуда аз ин тараф нашр шудааст.

Дар пайи ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон, аз ҷумла дар парлумони он кишвар садоҳое бо талаби тафтиши тамоми тоҷикҳои соҳиби мансабҳои давлатӣ баланд шуданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳатто дар як изҳороти алоҳида аз афзоиши мавридҳои таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои Қирғизистон ба далели мансубияти миллиашон изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Қирғизистон ин иддаои Душанберо бепоя хонд, вале ба дунбол вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тасдиқ кард, ки дар ин ҷумҳурӣ дар чанд рӯзи охир бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ алакай 20 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Равшанбек Собиров, ки 52 сол дорад, як раҳбари эътирофшудаи тоҷикҳои Қирғизистон аст ва аз соли 2007, инак 15 сол боз раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакист.

Ӯ 18 феврали соли 1970 дар деҳаи Ҷонӣ-Ариқи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд. Ӯ ҳамин тавр қаблан вакили парлумони Қирғизистон буд.

Равшанбек Собиров соли 2020 дар ҳукумати Ҷабборов ба мақоми муовини сарвазир таъйин шуд. Ин баландтарин мансаби давлатӣ дар Қирғизистон аст, ки тоҷикони зодаи он кишвар ноил шудааст.  Моҳи феврали соли 2021  Собиров аз мақоми муовини сарвазир барканор ва мушовири президенти Қирғизистон таъйин шуд. 14 марти соли 2022 Равшанбек Собиров ба мақоми мудири Агентии миллии сармоягузорӣ, як ниҳоди вобаста ба президенти Қирғизистон таъйин гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button