ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН АМР ДОД, КИ АЗ ҲИСОБИ МУАЛЛИФОНИ ДУРӮҒҲО ДАР БОРАИ “ГУЗАШТ БА ТОҶИКИСТОН” ЯК РОТА СОХТА, БА МАРЗ ФИРИСТАНД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 26 сентябри соли 2022 амр додааст, то аз ҳисоби он шаҳрвандоне, ки дар бораи протоколи ахиран имзошуда пиромуни танзими мушкилоти марзии Қирғизистону Тоҷикистон хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунанд, як рота ташкил дода, барои хидмат ба марз бо Тоҷикистон фиристанд.

Сухангӯи президент Эрбол Султонбоев хабар дод, ки тибқи дастури президент, онҳое, ки хабарзои бардурӯғ паҳн мекунанд, бояд ба дидбонгоҳҳои вилояти Бодканд фиристода шуда, то анҷоми ҷараёни таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон онҷо хидмат кунанд.

“Агар мо ягон метри қаламравамонро додем, бигзор аз ҷои ҳодиса бигӯянд, ки “ана, заминҳоро доданд”. Бигзор онҳое, ки хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунанд, худашон бираванд ва ба чашми худ бубинанд”,– навиштааст Эрбол Султонбоев.

Сухангӯи президенти Қирғизистон протоколи ахиран имзошуда байни роҳбарони кумитаҳои амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиевро “санади муваққат” номид ва гуфт, ки он танҳо то замони анҷоми ҷараёни таъйин ва аломатгузории марз эътибор дорад. Султонбоев сокинони Қирғизистонро итминони хотир дод, ки ҷониби Қирғизистон “ягон вақт ягон метри заминашро нахоҳад дод”.

Рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонае рух дод, ки бо дастикам 130 кушта ва ҳудуди 400 захмиаш хунинтарин муноқишаи марзӣ дар таърихи ин ду кишвар дониста мешавад.  Ҳарду тараф якдигарро дар оғози ин низоъ айбдор мекунанд. Рӯзи 25 сентябр роҳбарони КДАМ ду кишвар Ятимов ва Тошиев дар гузаргоҳи Қизил Бел протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, ду ҷониб бояд раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшонро тезонида, ҳар кадом бояд 4 дидбонгоҳи аз ҳама “низоъбарангез” дар марзи вилоятҳои Бодканду Суғдро аз байн бардоранд.

Баъди имзои ин протокол, бархе расонаҳо ва блогерҳои Қирғизистон навиштанд, ки гӯё ҷониби Қирғизистон барои ноил шудан ба ин созишнома пиромуни қатъи муноқишаҳои марзӣ ба гузаштҳои ҷиддие, аз ҷумла ба додани бархе заминҳои баҳсӣ розӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button