ВарзишВидео

ПИРӮЗИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ПОДШОҲИ ТАИЛАНД (2 ВИДЕО)

Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии ховар Петр Сегрт ғолиби мусобиқоти 48-уми байналмилалии “King’s Cup 2022” (Ҷоми подшоҳӣ 2022) дар Таиланд шуд.

Дар бозии ниҳоӣ рӯзи 25 сентябри соли 2022 тими Тоҷикистон бо дастаи Малайзия вориди рақобат шуд.

Даври асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид, вале дар силсилаи зарбаҳои 11метра  бахт ба рӯи футболбозони тоҷик хандид ва онҳо ба дарвозаи рақиб 3 тӯби беҷавоб зада, бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки ду зарбаи пеналтии дастаи Малайзияро баргардонд, беҳтари бозигари ин дидор эълон шуд.

Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022»

Финал

Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:0. Аз рӯи зарбаҳои пеналти – 0:3

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ятимов (Тоҷикистон).

25 сентябр. Чиангмай, Таиланд.  Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».

Дар видеоҳое, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр кард, чӣ қадар шоду хурсанд будани аъзои тими миллии Тоҷикистон аз пирӯзиашон дар ин мусобиқот дида мешавад.

Аз ҷумла дар як видео сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт  дар автобус ҳангоми бозгашт аз варзишгоҳ ба футболбозон барои пирӯзиашон дар ин мусобиқот изҳори сипос карда, бо як шӯру ҳаяҷон шиори “Тоҷикистон, ба пеш!”ро ба забон меорад ва ҳамаи футболбозон бо як овоз ба ӯ ҳамсадо мешаванд: “Ба пеш!”

Дар видеои дигар дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов, ки маҳз бо шарофати ду зарбаи пеналтии дастаи рақибро баргардондани ӯ тими Тоҷикистон ғалаба ба даст овард, низ дар автобус бо ҳаяҷони зиёд ба ҳар як аз  ҳамдастаҳояш барои ин пирӯзӣ изҳори сипос мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button