ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ИСМИ 16 МАҲКУМШУДА АЗ “ПАРВАНДАИ РӮШОНИҲО” НАШР ШУД

Журналист Aнора Саркорова, ки рӯйдодҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад,  рӯйхатт ва чанд сол ҳукм гирифтани 16 тан аз маҳкумшудагон аз тақрибан 70 айбдоршавандаеро, ки дар парвандаи машҳур ба “парвандаи рӯшониҳо” ба додгоҳ кашонда шуда буданд, нашр кард. Бино ба иттилои Саркорова, аксари ин зодагону сокинони ноҳияи Рӯшон ба солҳои тӯлонии зиндон ва се нафари онҳо: генерал Холбаш Холбашев, Қулмамад Паллаев ва Паҳлавон Шералиев ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Ҳамин тавр, Фаромӯз Ғуломҳайдаров, бародари яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон Ёдгор Ғуломҳайдаров, ки  31 майи соли 2022  дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомот кушта шуд, ба 15 соли зиндон ва Сарбаланд Холбашев, бародари Холбаш Холбашев ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.

Ноҳияи Рӯшон моҳи май як маркази асосии мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон гардид ва мақомот рӯзи 18 май бо истифода аз нирӯ ва силоҳ эътирозҳоро дар шаҳраки Вамар, маркази ин ноҳия саркӯб карданд. Дар натиҷа, беш аз 40 нафар кушта шуда, тақрибан 240 нафар аз сокинону зодагони Рӯшон дастгир шуданд. Мурофиаи аввалин гуруҳ аз “парвандаи рӯшониҳо” ба раҳбарии генерал Холбаш Холбашев ва тақрибан 70 нафари дигар рӯзи 3 август дар дохили боздоштгоҳи Душанбе оғоз ёфт ва ҳукми онҳо рӯзи 21 сентябр эълон шуд. Анора Саркорова менависад, аксари ин 70 нафар ба адвокат ва кумаки комили ҳуқуқӣ дастрасӣ надоштанд ва мурофиаи онҳо ҳам пушти дарҳои баста, бе иштироки хешовандонашон ва аҳли ҷомиа баргузор шуд. Саркорова менависад, тақрибан ҳамаи айбдоршавандагон дар додгоҳ аз шиканҷа шуданашон шикоят карданд, вале додгоҳ ин шикоятҳоро ба инобат нагирифт.

Мақомот то кунун натиҷаҳои мурофиаи аввалин гуруҳи айбдоршавандагон аз “парвандаи рӯшониҳо”-ро расман ягон шарҳ надодаанд. Вале Анора Саркорова аз манобеи ғайрирасмӣ исми 16 маҳкумшударо пайдо ва нашр кардааст.

Рӯйхатти ин 16 нафарро инҷо меорем:

  1. Генерал-майор Холбаш Холбашев – сармушовири фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон. 57 сол ва 5 фарзанд дорад. Ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.
  2. Қулмамад Паллаев – ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.
  3.  Паҳлавон Шералиев (32-сола) – ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

4. Навоӣ Толибов (30-сола) – ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

5. Наҷиб Замиров (48-сола) – ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Дӯсти наздики генерал Холбашев. Бино ба иттилои Саркорова, Наҷиб Замиров дар эътирозҳои моҳи май дар Вамар иштирок надошт, вале додгоҳ ӯро ба узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ ва истифодаи зӯрӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор шинохт. Се фарзанд дорад.

6. Саидаброр Шодавлатов – (47-сола). Ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Признан виновным в участии в ОПГ и хранении оружия. Родственник генерал-майора Холбаша Холбашова. Женат. Имеет двоих детей.

7. Тавакал Рамхудоев – ба 12 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  ва нигоҳ доштани силоҳ гунаҳкор дониста шуд.

8. Сураҷ Додхудоев – (41-сола) – ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд. 5 фарзанд дорад.

9. Бадавлат Шукуров (53-сола) – ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Корманди собиқи ВКД Тоҷикистон. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд. Се фарзанд дорад.

10. Акмал Хӯҷаазизов (37-сола) – ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд. Ду фарзанд дорад.

11. Назрулло Халилов (32-сола) – ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд.

12. Сарбаланд Холбашев (51-сола). Бародари Холбаш Холбашев. Ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд. Ду фарзанд дорад.

13. Хушнуд Паллаев (27-сола) – ба 1 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд. Анора Саркорова менависад, ки Хушнуд Паллаев дар эътирозҳо иштирок надошт ва мақомот ӯро дар кӯча, вақте ки аз пайи корҳои худаш равона буд, дастгир карданд.

14. Фаромӯз Ғуломҳайдаров (43-сола) – ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бародари яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон Ёдгор Ғуломҳайдаров, ки  31 майи соли 2022  дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомот кушта шуд. Фаромӯз Ғуломҳайдаров, ба навиштаи Саркорова, ба ягон гуруҳ рабт надошт ва аз сиёсат дур буд, вале барои бародари Ёдгор буданаш дастгир шуд. Ду фарзанд дорад.

15. Фаросатшо Фаросатшоев – ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ба  узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуд.

16. Имомиддин Фаросатшоев (27-сола) – ба 1 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button