ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 18-СОЛАИ “ЛЕКСУС” ДАР ҲИСОР ВА ДУЗДИИ “МЕРСЕДЕС” ДАР ПОЙТАХТ

Субҳи барвақти 25 сентябр, тақрибан соати 05:30, бар асари бархӯрди ду мошини тамғаҳои “Лексус RX-350” ва ВАЗ-2107  дар роҳ ба сӯи деҳаи Суғдиён дар канори шашри Ҳисор, ронандаи “Лексус”, ки ҳамагӣ 18 сол дошт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххххх

Сокини 26-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки субҳи барвақти 25 сентябр, тақрибан соати 04:30,  аз кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт як мошини “Мерседес-Бенс”-ро, ки ба сокинии 38-солаи Душанбе тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаааст, вале ҳангоми фирор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шудааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26.09.2022

Ҳалокати ронандаи ҷавон дар садамаи нақлиётӣ

foto2-4

25-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», Холиқов Мақсатулло Боймуродович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Суғдиёни ҳамин шаҳр, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», таҳти идораи Зайналов Муҳиддин Мудинович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350» Холиқов М.Б. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Боздошти марди 26-сола бо ҷурми ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

005

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Номбурда, 25-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки ба марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, аз кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба садама дучор шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button