ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ГАҲЕ ПУШТ БА ЗИНУ ГАҲЕ ЗИН БА ПУШТ… ҶИЯНИ НАЗАРБОЕВ БА 6 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Ғайрат Сотиболдӣ, ҷияни дар вақташ хеле сарватманд ва пурнуфузи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ғайрат Сотиболдӣ нахустин нафар аз хешовандони наздики Назарбоев аст, ки барои ҷиноятҳои дар давраи раёсати амакаш содиркарда, аз ҷумла барои ғасби тиҷоратҳои дигарон, маҳкум ба зиндон шуд. Гуфта мешавад, ки Ғайрат Сотиболдӣ дар ҷараёни тафтишот ба ҳамкорӣ бо мақомот розӣ шудааст ва бар асоси тавофуқ бо тафтишот чунин ҳукми сабук гирифтааст.

Бино ба гузориши Радио Азаттык,  додгоҳи №2 ноҳияи Байконири шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, рӯзи 26 сентябри соли 2022, ҳамагӣ 10 рӯз баъди шурӯи мурофиа, Ғайрат Сотиболдиро дар дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои давлатии “Қазахтелеком” ва “ЦТС” ба 6 соли маҳбаси низомаш миёна маҳкум кард. Ғайрат Сотиболдӣ аз сӯи додгоҳ ба расондани зарар ба молу мулк бо роҳи фиреб ваё бо сӯиистифода аз боварӣ ва тасарруфи молумулки ба ӯ боваркардашуда гунаҳкор дониста шуд.

Бо ҳукми додгоҳ, ӯ ҳамчунин барои 10 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Жангелдӣ Есебаев аз додгоҳ  ҳамчун ҷазо барои Сотиболдӣ 6 соли зиндон  талаб карда, ҳамчунин хоста буд, ки ӯро аз орденҳои давлатии “Курмет” (“Ҳурмат”) ва “Парасат” (“Фаросат”) ҳам маҳрум кунанд. Рӯзи 20 сентябр, вақте айбдоркунанда талаби худро ба додгоҳ ироа кард, Ғайрат Сотиболдӣ гуфт, аз тавофуқ бо тафтишот ва “ҳамаи он чӣ, ки прокурор гуфт” пуштибонӣ мекунад.

Додгоҳи №2 ноҳияи Байконири пойтахти Қазоқистон, рӯзи 16 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи Ғайрат Сотиболдӣ, ҷияни дар вақташ хеле сарватманд ва пурнуфузи президенти собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев шурӯъ карда буд.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон рӯзи 24 август бо анҷоми тафтиши парвандаи ҷияни Назарбоев хабар дода буд, ки “дар ҷараёни тафтишот айбдоршавандагон ба давлат маблағҳои ғайриқонунӣ тасарруфкардаашон дар ҳаҷми беш аз 240 миллиард танга, ё беш аз 500 миллион долларро баргардонданд”.  Ҳамчунин гуфта мешуд, ки тафтишот иловатан даст доштани Ғайрат Сотиболдӣ дар ҷиноятҳое, чун сарпечӣ аз пардохти андозу боҷу хироҷи гумрукӣ ва шустушӯи даромадҳои ғайриқонуниро тафтиш мекунад.

Ғайрат Сотиболдӣ дар давраи президентии амакаш Нурсултон Назарбоев ба қатори бойтарин сокинони Қазоқистон тибқи фарзияи маҷаллаи Forbes Kazakhstan шомил мешуд. Ӯ моҳи март боздошт шуд ва инак ним сол боз дар паси панҷара қарор дорад.

Соли 2021 радиои Азаттиқдар як таҳқиқот гузориш дода буд, ки тибқи реестри молу мулки кишвари аврупоии Люксембург LRB, Ғайрат Сотиболдӣ ягона муассиси ширкати офшории “Скайлайн Инвестмент” (Skyline Investment Company S.A.) ба шумор меравад. Соли 2016 бошад Сотиболдӣ тавассути ширкати дигараш “Алатау Кэпитал Инвест” қариб 4 фоизи саҳмияҳои ширкати “Қазоқтелеком”ро харида буд.

 Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло 82 сол дорад, аз соли 1989 то 2019, дар тӯли 30 сол бар Қазоқистон, кишвари аз лиҳози масоҳат, ҳаҷми иқтисод ва захираҳои табииаш аз ҳама бузурги Осиёи Марказӣ роҳбарӣ кард. Соли 2019 ӯ курсии президентиро расман ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд, вале аз паси парда ба унвони Елбасӣ (Пешвои миллат) ҳамчунон тақрибан тамоми умури калидии давлатиро дар дасти худ нигоҳ дошта буд ва Тоқаев бештар нақши як президенти намоиширо иҷро мекард.

Баъди эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 Назарбоев  аз дасти дарози дахолат ва нуфузи қаблиаш бар умури давлатии кишвар маҳрум гардид. Ҳамчунин дар ин авохир бисёре аз тарафдорону ёрони ӯ ва ҳамин тавр, хешовандони наздики Назарбоев мансабу мақомҳои баланд ва тиҷоратҳои бузурги худро аз даст доданд ва бархеи онҳо ҳатто паси панҷара рафтанд.

Нозирони умур ин силсилаи боздошту таъқиби нафарони наздики Назарбоевро аломати аз даст рафтани дасти дарози нуфузи ӯ бар умури Қазоқистон мешуморанд.

Ахиран мақомоти Қазоқистон эълон карданд, ки ба пойтахти ин кишвар номи қаблиаш: Остонаро бармегардонанд. Пойтахти Қазоқистонро соли 2019 ба шарафи Нурсултон Назарбоев Нурсултон ном гузошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button