ВидеоИқтисодКоррупсия

БОЗДОШТИ ШАВКАТ БОБОЗОДА, РАИСИ АГЕНТИИ СОДИРОТ ВА СОБИҚ ВАЗИРИ САНОАТИ ТОҶИКИСТОН

Радиои Озодӣ
Раиси Агентии содирот ва вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, Бобозода ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Назари вазири пешин, вакил ва наздикони ӯ ҳанӯз дастрас нашудааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

“Боздошти ӯ бар асоси шикояти як ширкати хориҷӣ сурат гирифт. Бобозода ба он гумонбар дониста мешавад, ки беш аз 300 ҳазор долларро аз ин ширкат гирифта, шартномаи қаблан ҳосилшударо иҷро накардааст,” — афзуд манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон.

Ба иттилои дарёфтӣ, Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ барои таҳқиқи хабар ду дафъа ба бинои Агентии содироти Тоҷикистон рафт, вале роҳбари ин ниҳод Шавкат Бобозадаро дар утоқи кориаш пайдо накард. Бори аввал рӯзи 19-уми сентябр ҳамкорони Бобозода гуфтанд, ӯ “барои як кор берун рафтааст”, аммо нагуфтанд, ба куҷо ва кай бармегардад. Дари утоқи кории Шавкат Бобозода маҳкам ва ба он муҳри “шуъбаи корҳои махсуси ҳукумат” задаанд.

Ёвари Бобозода ба суоли онки роҳбараш куҷост ва чаро пушти дараш муҳр гузошта шудааст?, посух надод. Бори дуюм хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми сентябр ба онҷо рафт ва як масъули ин ниҳод гуфт, “Бобозода бемор аст.” Ин масъул тасдиқ кард, ки роҳбарашон ду ҳафта боз дар ҷойи кор нест.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Шавкат Бобозода ҳанӯз фармони барканории ӯ содир нашудааст.

Шавкат Бобозода 60-сола буда, аз соли 2019 роҳбари Агентиии содироти Тоҷикистон аст. Аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ШАВКАТ БОБОЗОДА

Шавкат Бобозода 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик, технолог ва соли 2003 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми Донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механикии Вазорати саноати маҳаллӣ, сардори шуъбаи механики-энергетикии фабрикаи «Зарбоф»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 1999—2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкалов, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004—2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкалов фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Солҳои 2013—2019 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  Аз соли 2019 — мудири Агентии содироти Тоҷикистон мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button