Хабарҳои кӯтоҳ

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОКИНИ КАМОНГАРОНИ БОЛО БАРОИ АВБОШӢ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ (АКС)

Милитсияи Душанбе рӯзи 26 сентябри соли 2022 хабар дод, ки мақомот дар асоси шикояти сокинон як сокини 46-солаи пойтахти Тоҷикистонро бо ҷурми беэҳтиромӣ нисбат ба атрофиён ва халалдор сохтани шаъну шараф ва оромии шаҳрвандон дар ҳолати сархушӣ дастгир кардаанд ва  ғ бо ҳукми додгоҳ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД Душанбе, нозирони минтақавии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар заминаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Назаров Убайдулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 13.05.1976, истиқоматкунандаи кӯчаи Камонгарони болоро дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Убайдулло Назаров ҳангоми дар ҳолати сархушӣ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев қарор доштанаш нисбат ба атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шараф ва оромии шаҳрвандонро халалдор сохтааст.
 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Назаров Убайдулло тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ  протокол тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button