ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ФАВРӢ! ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАР КАДОМ 4 ДИДБОНГОҲИ МАРЗИИ “ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗ”-РО АЗ БАЙН МЕБАРДОРАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 25 сентябри соли 2022  Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, ки гуфтушуниди раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев  ва имзои ин протокол дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кизил-Бел» доир шудааст.

“Ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда мавриди иҷрои амалӣ қарор мегиранд ва дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад”, гуфта мешавад дар хабар.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи санади имзошуда ягон ҷузъиёти дигар надодааст, вале раҳбари КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба журналистон гуфт, ҳадаф аз ин протокол аз байн бурдани сабаб ва манбаъҳои низоъбарангез дар марзи ду кишвар аст.

Тошиев гуфт, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон дар бархе минтақаҳои марзӣ ҳар кадом 4 дидбонгоҳро, ки аз ҳама бештар дарди сар эҷод мекарданд, аз байн мебардоранд.

Ҳадафи асосӣ: аз байн бардоштани посгоҳҳо дар он нуқтаҳое, ки муноқишаҳо бармехест. Аз тарафи мо дидбонгоҳи “Тамдиқ” ва аз тарафи Тоҷикистон дидбонгоҳи рӯбарӯи он бардошта мешаванд. Аз тарафи мо дидбонгоҳи Булакбоқӣ бардошта мешавад ва аз тарафи Тоҷикистон – дидбонгоҳи “Кех”.  Севуман, мо дидбонгоҳи марзии “Катта-Туз”-ро мебардорем, онҳо – дидбонгоҳи “Қарақчиқум”-ро.  Ҳамчунин аз тарафи мо дидбонгоҳи “Дача”  ва аз он тараф посгоҳи “Шаршен”  бардошта мешаванд. Аз ин манотиқ афроди ҳарбию мулкӣ ҳама гирифта мешаванд. Муноқишаҳои қаблӣ маҳз дар ҳамин нуқтаҳо оғоз шуда буд ва ба хотири онки дигар ба чунин муноқишаҳо роҳ дода нашавад, тасмим гирифтем, ки ин дидбонгоҳро аз байн бардорем”,  – хабар дод Қамчибек Тошиев ҳангоми суҳбаташ бо журналистон.

Ӯ афзуд, ки банди дуюми протокол марбут ба тезонидани кори комиссияи таъйин ва аломатгузории марз аст.

 “Умедворам, тамоми масъалаҳо ҳал мешаванд. Мо, ҷониби Қирғизистон,  тибқи тамоми бандҳои дар ин протокол нишондодашуда амал мекунем “, – ваъда дод Тошиев.

Ин музокирот ва имзои протокол дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои  14-17 сентябри соли 2022  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ва ҳудуди 400 захмӣ ба ҷо гузошт. Қирғизистон ҳалокати 62 нафар ва ҷароҳат бардоштани зери 200 нафарро аз он тараф тасдиқ кард. Тоҷикистон расман ҳалокати дастикам 41 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 нафарро тасдиқ кардааст, вале дар матбуоти ин ҷумҳурӣ рӯйхатти алакай 75 нафари кушташуда дар муноқишаи ахири марзӣ нашр шудааст.

Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад. Баҳори соли 2021 дар як муноқишаи дигар дар марзи ин ду кишвар 55 нафар (36 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 19 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта ва 240 нафар захмӣ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button