Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН АЗ ХИТОЙ БОЗ ДУЮНИМ МИЛЛИОН ВОЯИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ГИРИФТ (ВИДЕО)

Вазорати тандурусти Тоҷикистон хабар дод, ки 23 сентябри соли 2022 боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии  мардумии Хитой (Чин) вориди кишвар гардид. Дар маросими қабули  ин ваксинаҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, намояндаи ВКХ ҶТ ва сафири Хитой дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок доштанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эълони ин хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ҷамхи вояҳои ваксинае, ки Тоҷикистон то имрӯз ба таври ройгон аз Хитой дарёфт кардааст, ба 8 миллиону 300 ҳазор воя расид, ки ин қариб 40% аз ҷамъи 21 миллион вояи ваксинаи дарёфткардаи Тоҷикистонро ташкил медидад. Тоҷикистон то кунун тамоми ваксинаҳои зидди коронавирусро ба сурати ройгон тавассути барномаи КОВАКС, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба хотири таъмини дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳои бою фақир ба ин ваксинаҳо таъсис додааст, ба даст овардааст.

Бино ба омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 22 сентябр дар ҷумҳурӣ миллиону 332 ҳазору 386  нафар, ё 98,6% фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429  нафар, ё 97,0% бо вояи дуюм, 5 миллиону 97 ҳазору  888 нафар,  ё  94,2% бо вояи сеюм ва 1 миллиону 71 ҳазору 627 нафар, ё 19,8% аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.  Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони Тоҷикистон бепул аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022 ба ин тараф, яъне инак беш аз ду моҳ боз ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ сабт накардааст. Аз аввали пандемия, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардида, аз ин шумор 17 ҳазору 264 нафар шифо ёфтанд, вале 124 нафар, мутаассифона, қурбони ин бемории қаттол шуданд. Мунтақидон шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button