ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

“ОНҲО ПЕШИ ЧАШМОНАМ СӮХТАНД”. ГУЗОРИШ АЗ ОИЛАЕ, КИ 5 УЗВИ ОН КУШТА ШУД (ВИДЕО)

Муаллиф: Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Аз нақли онҳо дили кас реш ва ашкони чашмаш ҷорӣ мешавад.

Оилаи бародарон Фаёзовҳо пас аз фоҷеа
Сурат: Акс аз Asia-Plus

Бар асари даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо хонавода лабрези андӯҳу ашк шуд. Яке аз фоҷиаҳои мудҳише, ки тамоми кишварро такон дод, дар оилаи Фаёзовҳо аз ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рух дод. Ин оила дар як лаҳза 5 узви хонавода, аз ҷумла 2 кӯдак ва 1 зани ҳомиларо аз даст дод. Ҳамаи онҳо дар мошини ёрии таъҷилӣ, ки аз сӯи низомиёни қирғиз тирборон шуд, зинда ба зинда сӯхтанд.

Ғаму андуҳеро, ки ба сари оилаи тифоқу хоксор – Фаёзовҳо омадааст, бо сухан тасвир кардан ғайриимкон аст. Бераҳмии хунсардонаи касоне, ки ин ҷинояти ғайриинсониро содир намудаанд, низ нобахшиданист.

Дар ин оила барои талафи якбора 5 нафар мегирянд – модар, ду келин, ки якеаш дар батнаш тифли 8-моҳа дошт ва боз 2 кӯдаки дигар. Ҳамаи онҳо дар мошини ёрии таъҷилӣ ҳамроҳи ронанда дар роҳ ба беморхона аз тири низомиёни қирғиз ҳалок шуданд.

Рӯзноманигорони “Азия-Плюс” ба аёдати хонаводаи Фаёзовҳо рафт ва наздикону пайвандони онҳо ҷузъиёти ин ҳодисаи фоҷеаборро ҳикоя карданд, ки аз он кас ба даҳшат меафтад.

«Ҳадафи онҳо масҷид буд»

Субҳи барвақти 16-уми сентябр сокинони Чоркӯҳ барои адои намоз назди масҷид ҷамъ омаданд. Хонае, ки дар он оилаи Фаёзовҳо иқомат мекунад, чанд қадам дуртар аз масҷид воқеъ аст.Масҷиде, ки дар паҳлӯи он манзили оилаи Фаёзовҳо воқеъ аст


Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ки он субҳ назди масҷид буданд, таркиши якум соати 6 ва сипас боз якчанд таркиши дигар ва тирпаронии бардавом шунида шуд.

– Ҳадафи онҳо масҷид буд. Танҳо террористон ин тавр амал мекунанд ва масҷиду мактабу ҷойҳои серодамро нишон мегиранд. Лекин ин дафъа тирашон ба ҳадаф нарасида, ба манзили оилаи Фаёзовҳо бархӯрд.Тир ба хонаи оилаи Фаёзовҳо бархӯрд


Оилаи Фаёзовҳо бошитоб кӯдаконро гирифта, аз хона гурехтанд. Дар роҳ аз пораҳои тир Асмоахони 6-сола ва Имрони 5-сола маҷруҳ шуданд.

– Яке аз пораҳо сари Асмоахонро сӯрох кард, – қисса мекунад Мақсудбек Азизов, хеши наздики оила, ки онҳо барои паноҳ бурдан ба хонаи ӯ рафта буданд. – Ман каме дуртар аз онҳо зиндагӣ мекунам ва то ба хонаи ман омадан панҷ дақиқа вақт сарф мешавад. Лекин онҳо то хонаи ман нарасиданд. Он субҳ ман дар масҷид будам. Аз масҷид баромада манзараи ҳузнангезеро дидам: ҳама ҷо доду фарёд ва олудаи хун… Мо ҳамаро ба мошини ҳамсоя (портер) шинонида, ба наздиктарин бунгоҳи тиббӣ фиристодем.Тирҳои боқимонда пас аз тирпаронӣ ба Чоркӯҳ


Дар роҳ автомашина ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт. Келини калонӣ, ки бо ҷисми худаш рӯйи кӯдаконро пӯшонида буд, ҷароҳат бардошт.

– Ӯ ҳамчун парандаҳо кӯдаконро зери боли худ гирифт, – мегӯяд ашкрезон Надияхон Ҷалилова, модари духтари маҷруҳшуда. – Духтарам дар се ҷояш захм гирифт. Шояд асабаш ҷароҳат гирифта бошад, ки базӯр роҳ мегардад.Келини калонӣ, ки бо ҷисмаш кӯдаконро пӯшонд, захмӣ шуд


Дар бунгоҳи тиббӣ тасмим гирифта шуд, ки кӯдакони маҷрӯҳ ба беморхонаи шаҳри Исфара фиристода шаванд. Ҳамроҳи кӯдакон модару ду келин (модари кӯдакони маҷрӯҳшуда) ва бародари калонӣ ҳам ба мошини ёрии таъҷилӣ нишастанд.

Лекин мошини ёрии таъҷилӣ то беморхона нарасид. То ба пул расидан он чандин маротиба аз ҷониби низомиёни қирғиз тирборон шуд.

“Ҳамаи онҳо пеши чашмонам сӯхтаву ҳалок шуданд”

Бародари калонӣ Бобоаҳмад Фаёзов, ки дар мошини ёрии таъҷилӣ қарор дошт, то ҳол ба худ намеояд. Он рӯз ӯ ба таври ҳайратовар зинда монд: мавҷи таркиш ӯро аз мошин берун партофт.

“Дар гардиши назди кӯпрук ба тирпаронӣ сӯи мо оғоз намуданд. Аз ҳамаи чизи имконпазир – пулемёту гранатомёт мепарониданд. Аз тири аввал дари мошин канда шуд. Тири дуюм ронандаро зад, ки дар ҷояш ҳалок шуд. Аз тири сеюм ман аз мошин берун паридам. Мехостам, ки раваму онҳоро аз мошин берун орам, лекин аз ҷароҳати гирифтаам хеста наметавонистам.Бобоаҳмад Фаёзови калонӣ


Дар замин хобидаву болои сарам борони тир мегузашт, аз ин рӯ сарамро бардошта наметавонистам. Чизеро сарфаҳм намерафтам, гирду пеш пури хун буду аз ман ҳам хун мешорид.

Модарҷонам, ду келин, ки яктоаш бояд ба наздикӣ соҳиби тифл мешуд, ду ҷиянам – ҳамаашон кушта шуданд, пеши чашмонам сӯхтанд.

Қариб 3-4 соати зери пул будам. Сипас низомиёни мо омада, маро аз зери пул кашиданду ба беморхона фиристоданд.

Намедонам, бо кадом сабаб сӯи  мо оташ кушоданд. Мо мардуми одии осоишта ҳастем, ба касе ягон чизи бад раво надидаем.Бобоаҳмад Фаёзов, ки шоҳиди ҳалокати оилаи ӯ буд, ҳола ҳам ба худ наомада, гиря мекунад.


То кай бо эҳсоси тарс нисбати пайвандону наздикони худ зиндагӣ карда, аз тирпарониҳо пинҳон мешавем? Ин ба кӯдакону пиронсолон ва занон хеле зиёд таъсир мерасонад. Онҳо аз ҳама гуна садои баланд хавотир мешаванд.

Бубинед, чӣ қадар аҳолии осоишта ва сарбозони ҷавон ҳалок шуданд. Бигзор ҳукумат дар ниҳояти кор ин масъаларо як бор ва барои ҳамешагӣ ҳал кунад.

“Зиндагиам дигар маънӣ надорад”

Бародарони миёна ва хурдӣ – Илҳом ва Амриддин замони фоҷеа дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанд. Дар бораи нотинҷ будани вазъият дар деҳа ва сар шудани тирпарониҳо ба онҳо субҳи 16-уми сентябр, ҳангоми адои намоз, яке аз дӯстонашон хабар додааст.

“Ман дарҳол ба ҳамсарам занг задам ва ӯ гуфтаҳои дӯстамро тасдиқ намуда, зикр кард, ки садои тирпаронӣ хеле баланд буда, гӯё аз гранатомёт аст, – қисса мекунад Илҳом. – Ман ба ташвиш афтода, ба бародари калониам занг задам, ки эҳтиёт кунанд. Ӯ гуфт, ки дар таҳхона пинҳон мешаванд.

Хавотир шуда, боз ба ҳамсарам занг задам. “Ин ҷо вазъият хеле бад аст, сӯи мо тир мепаронанд, дигар гап зада наметавонам”, – гуфт ӯ ва телефон қатъ шуд. Баъдан ман боз бисёр занг задам, лекин дигар касе гӯширо набардошт.

Баъдан ба бародарам занг зада тавонистам. “Илҳом сӯи мо тирпаронӣ мекунанд. Ман дар зери кӯпрук хобам. Намедонам, онҳо зиндаанд ё не. Чизеро намедонам”, – такрор кард ӯ ба ман. Ӯ дар ҳолати шок қарор дошт. Ҳамон вақт аллакай медонист, ки ҳамаи онҳо дар мошин ҳалок шуданд, лекин инро ба ман гуфта натавонист.Илҳом Фаёзов бо писарчаи 2-солаи худ


Баъдан фаҳмидам, ки бародари калонӣ аз мошин берун парида, зинда мондааст. Дар дохили мошин бошад, модараму занам ва писарам, зани ҳомиладори бародари миёна ва духтарашон сӯхтаву ҷон бохтаанд. Ин дар куҷо дида шудааст, ки сӯи мошини ёрии таъҷилӣ тир паронанд?

Пас аз ин бо ёрии амакамон мо дарҳол билет харида, ба ин ҷо омадем.

Модарамон ҳамагӣ 59 сол дошт. Падарамон дар синни 40-солагӣ вафот карда, ӯ моро яккаву танҳо тарбия ва ба воя расонид.

Ҳозир ба чизе таваҷҷуҳ надорам, намедонам минбаъд чӣ хел зиндагӣ мекарда бошам. Ҳаётам дигар маънӣ надорад”

Ду фарзанди Илҳом – духтари 9-сола (аз дасташ захмӣ шудааст) ва писари 2-солааш зинда мондаанд. Инчунин, ду фарзанди бародари миёна Амриддин низ  – духтарчаи 3-сола ва писарчаи 4-солааш ҷон ба саломат бурдаанд. Кӯдакон то ҳол намефаҳманд, ки чаро модарон ва бибии дӯстдоштаашон чандест, ки наздашон намеоянд.

Асабҳои бародари калонӣ Бобоаҳмад ва ҳамсараш хеле харобанд. Онҳо ба кумаки равонӣ ниёз доранд.

Барои касоне, ки оилаҳои Фаёзовҳоро дастгирӣ кардан мехоҳанд:

+992918797374 – Амриддин Фаёзов (рақам ба Душанбе Сити пайваст аст)

+992111888333 – Эсхата онлайн ба номи Илҳом Фаёзов

Манбаъ: Аsia Рlus

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button