АфғонистонНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

НОМАИ ФАРҲОДИ ДАРЁ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ПАНОҲҶӮЁНИ АФҒОНРО НАРОНЕД!

Фарҳоди Дарё, овозхони шуҳратёри Афғонистон рӯзи 24 сентябри соли 2022 бо як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда, хостааст, ки Эмомалӣ Раҳмон монеи идомаи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз кишвараш шавад.

Хабари инки Шумо муҳоҷирини афғонро аз хоки меҳмонпарвари Тоҷикистон ихроҷ мекунед, барои ман ва мардуми Афғонистон таккондиҳанда ва ғайри қобили бовар буд… Чашми умеди ҳазорон инсони навмед ба сӯи Шумост, то дар ин маврид таҷдиди назар намуда ва барои муддате дигар ҳам мизбони ин паноҳҷӯёни беошёна бошед”, навиштааст Фарҳоди Дарё дар номааш ба президенти Тоҷикистон.

Ин нома дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар бораи ихроҷи шумори бузурге аз паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон хабарҳо ба даст мерасанд. Мақомоти амниятии Душанбе то кунун сабаби аз Тоҷикистон рондани ин паноҳҷӯёнро, ки аз ин кишвари ҳамсоя асосан ҳамчун як нуқтаи транзитӣ барои расондани худ ба кишварҳои ободтари Ғарб истифода мебурданд, шарҳ надодаанд.

Фарҳоди Дарё дар номааш ҳамчунин менависад, ки тасмим дорад, ба зудӣ ба Тоҷикистон биояд ва барои мухлисони тоҷикаш ва муҳоҷирини афғон консерте бузург барпо карда, Эмомалӣ Раҳмонро низ “чун нигин дар ҷашн бар тоҷи он шаби хотираангез” ҳамчун меҳмони ифтихорӣ ба ин консерт даъват кунад.

Матни пурраи номаи Фарҳоди Дарё чунин аст:

Нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ҷаноби олӣ, оқои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури муҳтарами ҷумҳурии Тоҷикистон!

Зимни сипосгузорӣ ва тақдир аз заҳматҳои арзишманди Шумо барои миллати тоҷик, ман, Фарҳоди Дарё астам, таронасарои ишқҳои дарвешии кишвари ҳамсоя, таманниёти неку хушбахтӣ ба ҷаноби Шумо ва миллати меҳрубон ва сарафрози тоҷик оғоз кунам.

Тоҷикистон барои мо шояд ягона ҳамсоя дар сатҳи минтақа бошад, ки метавон марзҳои онро “бемарзии ҳамдилӣ” номид. Мо дар тӯли таърихҳои талху ширини якдигар, мисли ду дӯст ва ду ёр дар канори ҳам зистаем. Бидуни шак, талошҳои содиқонаи ҷаноби Шумо ва давлати таҳти раҳбарии Шуморо дар тақвияти ин равобит наметавон нодида гирифт.

Шӯрбахтона, имрӯз яке аз фаслҳои талхи таърихи муосири Афғонистон барои дувумин бор такрор мешавад.  Мардум барои ҳифзи иззат ва ҷони худу азизони хеш маҷбур ба тарки хонаи ширину ошёнаи дерини худ шудаанд. Дар чунин вазъияти осафангез, хабари инки Шумо муҳоҷирини афғонро аз хоки меҳмонпарвари Тоҷикистон ихроҷ мекунед, барои ман ва мардуми Афғонистон таккондиҳанда ва ғайри қобили бовар буд. Дар шумори ҳамсоягони Афғонистон, мо Тоҷикистонро рафиқтарин ва кокотарин мепиндорем ва орзу надорем, ки ин ягона ҳамсояи нек ҳам аз мо рӯгардон шавад. Дар ҷуволи ин ҳама ҳамсояи нодӯст, ҳамсояе ба хубии шумо доштан, барои Афғонистон инояте бузург аст. Чашми умеди ҳазорон инсони навмед ба сӯи Шумост, то дар ин маврид таҷдиди назар намуда ва барои муддате дигар ҳам мизбони ин паноҳҷӯёни беошёна бошед.

Вақте як раҳбари сиёсӣ, меҳри мусиқӣ ва ҳунарро низ дар дил дошта бошад, бидуни шак, аз риққати қалб фаротар аз раҳбари маъмули сиёсӣ бархӯрдор хоҳад буд.  Аз ҳамин хотир аст, ки Шумо дар ҷамъи раҳбарони ҷаҳон ба меҳрубонӣ ва саховат шуҳраед ва дар дили миллатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгоҳи вижа доред. Умедворем, ки садои як ҳунарманди ҳамсоя ва ҳамзабонро, ки гулӯи миллати миллионӣ аст,  лабайк бигӯед. Ин номаро бо орзуи қалбии худам ва низ бар асоси тақозои миллионҳо шаҳрванди Афғонистон ба Шумо менависам ва бо шинохте, ки аз Ҷаноби олӣ дорам, дилам гарм аст ва медонам, ки ба хоҳиши ҳамсояи дармонда посухи пурмеҳр медиҳед. Дар зимн, умедворам, намояндагони шарифи расонаҳо ин номаро инъикоси густарда медиҳанд, то бошад аз ҳар дари мумкин, ба нишонии ёр бирасад.

Тасмим дорам, дар ояндаҳои наздик сафаре ба сарзамини ишқу мусиқӣ  – Тоҷикистон  – дошта бошам ва ба номи “Ҳамдилӣ” консерти бузургеро барои миллати тоҷик ва муҳоҷирини ҳамватани худ баргузор кунам. Ва Шуморо низ чун нигин дар ҷашн бар тоҷи он шаби хотираангез меҳмони хеш дошта бошам.

Аз Парвардигори ягона, сарфарозии он Олиҷаноб ва хушбахтии миллати тоҷикро дар партав адолати Шумо масаллат дорам.

Фарҳоди Дарё,

ҳамсояи наздик.

Илтимос: Муҳаббат карда, ин номаро бознашр кунед, то фарёди дарди ватандорон шунида шавад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0MGLfK7tujzr7ZyRwrPM5bHvuqh9WqL25Qa3zUbj2JLM9FW2FSkMQdAPDDticxGmPl&id=100044286887064&sfnsn=scwspwa

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button