ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ЭЪТИРОЗИ ПАНОҲҶӮЁНИ ЭРОНӢ ДАР МАРКАЗИ ПРАГА (ВИДЕО)

Рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар майдони Ватслав дар маркази шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех даҳҳо паноҳҷӯи эронӣ ба ёди Маҳсо Аминӣ тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд.

Хабарнигори “Бомдод”, ки тасодуфан шоҳиди ин гирдиҳамоӣ шуд, хабар дод, ки дар маркази Прага тақрибан 100 нафар, аксаран эронитаборон гирди ҳам омада, ба зидди раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва нирӯҳои Басиҷ шиор мезаданд.

Чунин эътирозҳо аз рӯзи марги Маҳсо Аминии 22-сола инак як ҳафта боз дар Эрон ва берун аз он идома дошта, дар ҷараёни гирдиҳамоиҳо дар худи Эрон то имрӯз алакай 35 нафар, аксар эътирозгарон кушта шуданд. Маҳсо Аминӣ рӯзи 13 сентябр барои аз меъёр бозтар пӯшидани сатраш аз ҷониби пулиси ахлоқ дастгир шуд ва баъди се рӯз даргузашт. Қаблан пулис гуфт, ки ин духтар аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале наздиконаш бо ишора ба захмҳои сангини бадани духтар ба шиканҷа шудани ӯ пойфишорӣ мекунанд. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки “таҳқиқи тиббию судӣ нишон дод, ки латукӯб ҷой надошт”.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддао доранд, ки Маҳсо Аминӣ дар боздошт латтукӯб шуда ва бар асари ҷароҳатҳои аз сараш бардоштааш ҷон бохтаст.

Эътирозҳо аз зодгоҳи Маҳсо Аминӣ – устони Курдистон шурӯъ шуд ва ба дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла то ба Теҳрон паҳн шуд.

Рӯзи 23-юми сентябр мақомот ба кӯчаҳо тарафдорони режими исломиро бароварданд.

Рӯзи 24-уми сентябр хадамоти ҷосусии Эрон иддао кард, ки гӯё аз чандин нақшаи таркиши бомба дар ҷараёни эътирозҳо пешгирӣ кардааст. Иддао мешавад, ки ин нақшаро собиқ тарафдорони шоҳ ва ниманизомиёни сокини Табрез ташкил карданӣ буданд, вале санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар гузашта низ аз иддаои эҳтимоли бомбгузорӣ барои гирифтани пеши роҳи мавҷи эътирозҳо зиёд истифода кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button