ИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ХОНАҲОИ ХАРОБШУДАИ СОКИНОН ТО 1 НОЯБР БАРҚАРОР КАРДА ШАВАД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш додааст, ки манзилҳои истиқоматии харобгардидаи сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон вайрон карда шуданд,  то 1-уми ноябри соли ҷорӣ барқарор карда шаванд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 сентябри соли 2022 ҳамчунин фармоиши ҳукуматро дар бораи ҷудо кардани кумаки навбатии моддӣ ба 300 оилаи зарардидаи аз ҷамоатҳои наздимарзии Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имзо кардааст.

Тибқи ин супориш, аз ҷониби Комиссияи давлатии ҳукумати ҶТ ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас карда мешавад.

Ин алакай дуюмин бастаи кумакҳои ҳукумати Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида дар Исфараву Ғафуров дар чанд рӯзи охир мебошад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 сентябри соли 2022 як корвони иборат аз 45 мошини пур аз кумакҳои моддӣ аз номи президенти Тоҷикистон низ барои оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд  фиристода шуд.  Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин ёриҳои башардӯстона аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат  буда, асосан ба оилаҳо дар ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим карда мешаванд.

Ироаи ин кумакҳо ба зарардидагон дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ба ҷо гузошт.  Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд. Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button