Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ТАШКИЛИ ФОҲИШАХОНА ВА ҶАВОНИ ДИГАР БАРОИ АВОМФИРЕБӢ

Ҷавони 27-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки хонаашро ба фоҳишахона табдил дода,  шаби  19-уми сентябр, ба як ҷуфт дар хонааш барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400 сомонӣ пул гирифтааст.

хххххххххххххххххххххххххх

Соати сеи шаби 23 сентябр, як сокини 50солаи ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи Душанбе – Ваҳдат зери чархи мошини  “Опел-Астра” ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххххххххххх

Сокини 30-солаи Ӽисор  ба дастикм 4 мавриди фиреби мардум ҳангоми хариду фурӯши мошинҳо  ва манзил гумонбар мешавад. Ҳаҷми умумии зарари ба ҷабрдидаҳо расондаи ӯ наздики 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24.09.2022

Ба фоҳишахона табдил додани манзили истиқоматӣ

027

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҷавони 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, 19-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ҳалокати марди 50-сола дар пайи садамаи нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

23-юми сентябри соли 2022, тахминан соати 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Шукрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаӽри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаӽри мазкур ба самти шаӽри Душанбе дар назди ҷамоати деӽоти Роҳатии ноӽияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нуров Умаралӣ Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноӽияи зикргардаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ӽолат таӽқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ба даст афтодани авомфиреб

046

Зимни гузаронидани коркардӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноӽияи Сино марди 30-солаи сокини шаӽри Ӽисор ӽамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии зани 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 6 ӽазору 800 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин боз бо роӽи фиреб ба боварии зани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 112 ӽазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ як хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накардааст.
Ӽамзамон худи ӯ бо ӽамин тарзу усул ба боварии марди 26-солаи сокини шаӽри Ваҳдат даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Лэнд Крузер-200»-ро ба маблағи 280 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 80 ӽазор сомониро баргардонида боқимонда 200 ӽазор сомониашро ваъда додааст, ки баъди 40 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Илова бар ин номбурда бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии марди 42-солаи сокини шаӽри Душанбе даромада аз ӯ автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри»ро ба маблағи 235 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ба ӯ низ 80 ӽазор сомонӣ дода, ваъда додааст, ки боқимонда 155 ӽазор сомониашро дар муддати 1-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ӽамзамон, худи ӯ боз бо роӽи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ такроран ба боварии охирин даромада, аз ӯ боз як адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-450»-ро ба маблағи 235 ӽазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ ин маблағӽоро низ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накардааст.
Оид ба ӽолатӽои дар боло зикргардида тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button