ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

БОЗ ЯК САРБОЗИ ТОҶИКРО БА ХОК СУПУРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар ҷамоати ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ зодаи ин диёр Қамариддин Наҷмиддиновро ба хок супурданд. Қамариддин, ки 29 сол ва як фарзанд дошт, дар ҷараёни муноқишаи ҳафтаи гузашта дар марз бо Қирғизистон ҷароҳати вазнин бардошта буд, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд. Ин ҷавони тоҷик рӯзи 23 сентябр дар бемористон ҷон дод.

Журналисти тоҷик Сулаймон Султонов хабар дод, ки дар маросими видоъ ва дафни Қамариддин Наҷмиддинов муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа низ иштирок кардаанд. Дар маросиси видоъ муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода суханронӣ карда, ба аҳли байти ин сарбози шаҳид таслияти амиқ баён кардааст.

Сулаймон Султонов менависад: “Таззоди зиндагиро бинед, ки вақте ин қаҳрамони Ватанро ба хок месупориданд, оилааш барои таваллуди фарзанди дуюм дар беморхона қарор доштааст.”

Даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ба ҷо гузошт.  Тоҷикистон то кунун расман ҳалокати 41 нафарро тасдиқ кардааст, вале рӯйхатҳои ғайрирасмӣ аз ҳалокати дастикам 75 нафар аз ҷониби Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки қаблан ҳалокати 59 нафарро тасдиқ карда буд, рӯзи 24 сентябр марги боз 3 нафарро тасдиқ кард ва ба ин тартиб, шумораи кушташудагон аз тарафи Қирғизистон ба 62 нафар ва шумораи захмиён ба ҳудуди 200 нафар расидааст.

Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд.

Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button