ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

НИШАСТИ ВАЗИРОНИ ХОРИҶАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АМРИКО ДАР НЮ-ЙОРК ДАР ЧОРЧӮБИ “C5+1” (2 АКС)

Рӯзи 22 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорк нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар чорчӯби “С5+1” баргузор шуд. Ин нахустин нишаст дар ин чорчӯб баъд аз даргириҳои хунини ҳафтаи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки дастикам 130 кушта ба ҷо гузошт.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар нишасти “С5+1”  дар Ню-Йорк раҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ иштирок ва суханронӣ кардааст.

Ин вазорат гуфт, ҷонибҳо пиромуни масоили доғи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгарӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои амниятӣ табодули назар карда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид кардаанд.

 Вазорати хориҷаи Қазоқистон дар иттилоияаш гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин аз оғози кори котиботи маҷозии  С5+1, ки бо ҳадафи пуштибонӣ ва ҳамоҳангсозии ҷараёни иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда ба роҳ андохта шудааст, истиқбол карданд.

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен  дар Твиттер хабар дод, ки дар ин мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷаи кишварҳои минтақаро бори дигар итминони хотир додааст, ки “Амрико ба сурати қавӣ аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва талошҳои онҳо ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ва таъмини амният дар ин минтақа пуштибонӣ мекунад”.

Энтони Блинкен ҳамчунин хабар дод, ки субҳи 22 сентябр бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев “пиромуни ҳадафҳои муштараки мо дар арсаҳои амният, ҳамкорӣ ва рушди минтақа” мулоқоти алоҳидаи “пурсамар” доштааст.

Блинкен дар бораи ин мулоқот тафсилоти дигар надодааст, вале вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод, ки Жээнбек Кулубаев дар Ню-Йорк нафақат бо котиби давлатии Амрико, балки бо ёвари ӯ Доналд Лу ду мулоқоти алоҳида баргузор кардааст.

Бино ба иттилоияи расмӣ, дар мулоқоташ бо Блинкен, вазири хориҷаи Қирғистонро ба котиби давлатии Амрико дар бораи ҳаводисе, ки дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, маълумот додааст.

“Аз ҷониби худ Энтони Блинкен дар робита ба  вазъ дар м арзи Қирғизистон бо Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард ва ба аҳамияти ноил шудан ба сул ва субот тавассути талошҳои дипломатӣ таъкид кард”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати хориҷаи Қирғизистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button