ИқтисодМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонЧеҳраҳо

КУМАКИ АКБАР АСАДУЛЛО БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА: 100 ТОННА СЕМЕНТ ВА БА ҲАР ОИЛА АЗ 5 ТО 10 ҲАЗОР СОМОНӢ

Раҳбари ширкати “Ғаюр Гурӯҳ” Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, барои хонаводаҳои ҳар захмӣ 5 000 сомонӣ ва ба оилаҳое, ки  пайвандонашонро дар муноқишаи ахири марзӣ аз даст доданл, 5 000 сомонӣ  кумак ҷудо кардааст. Ҳамин тавр Акбар Асадулло барои ахз нав сохтани биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хароб шуданд, боз  100 тонна семент кумак намудааст.

Акбар Асадулло  гуфтааст: “Дар чунин лаҳзаҳои душвори Ватан мо набояд бетараф бошем. Ҳар кадоме бояд тавре ки метавонем дар ҳимояи марзу буми хеш саҳм гузорем. Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст. Лозим шавад, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонамонро нисор мекунем. Биёед, дасти ба даст гирифта, сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоем. Дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдарду мададгори сарбозони Ватан бошем!»

Акбар Асадулло  писари марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон аст. Ширкати ӯ чандин корхонаи бузург, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро дар ихтиёр дорад.

Акбар Асадулло  қаблан ҳам дар маъракаҳои хайрия фаъолона иштирок дошт аз ҷумла аз ҳисоби худаш чанд мактаб сохтааст.

Рӯзи 22 сентябри соли 2022 як корвони иборат аз 45 мошини пур аз кумакҳои моддӣ аз номи президенти Тоҷикистон низ барои оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд  фиристода шуд.  Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин ёриҳои башардӯстона аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат  буда, асосан ба оилаҳо дар ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим карда мешаванд.

Ироаи ин кумакҳо ба зарардидагон дар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ба ҷо гузошт.  Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд. Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button