ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲУШДОРИ САФОРАТ ВА ТАҲДИДИ КАБАНОВ: АЗ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҲАР КАСЕ, КИ БА АРТИШ НАРАФТ, АЗ ШАҲРВАНДӢ МАҲРУМ КУНЕД!

Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия дар посух ба шаҳрвандони худро аз иштироки ихтиёрӣ дар “амалиёти вижа” дар Украина манъ кардани мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кардааст, ки хидмат дар артишро барои он зодагони ин минтақа, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ҳатмӣ кунанд. Дар сурати саркашиашон аз хидмат дар артиш, Кабанов пешниҳод кардааст, ки  нафақат худи онҳо, балки хешу табори ин зодагони Осиёи Марказиро низ аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонанд.

Ин изҳороти таҳдидомези Кабанов дар ҳолест, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 22 сентябри соли  2022 бо нашрия як ҳушдори вижа дар пайи эълони басиҷсозӣ ё мобилизатсия ба саффи нирӯҳои мусаллаҳи Русия ва пешниҳоди тартиби содаи гирифтани шаҳрвандии Русия баъди ҳамагӣ як соли хидмат дар саффи артиши ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро пиромуни ҷавобгарии ҷиноӣ доштани иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ҳушдор дод.

Дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин бора чунин гуфта мешавад:

“Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

Рӯзи 21 сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин дар пайи ба камбуди шадиди нирӯ рӯбарӯ шудану маҷбур ба ақибнишинӣ шудани артиши кишвараш дар ҷанги Украина фармон дар бораи басиҷсозӣ ё мобилизатсия ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро имзо кард. Як рӯз аз он пеш Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ алакай баъди як соли имзои қарордод барои хидмат дар саффи артиши ин кишвар метавонанд соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. То кунун шаҳрвандии Русия ба зархаридони хориҷӣ баъди се соли хидмат дар артиши ин кишвар дода мешуд.

Баъди қабули ин қонун шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки дар Маркази муҳоҷирон дар Сахарово маъракаи густардае барои ҷалби муҳоҷирон ба саффи артиш роҳандозӣ мешавад.

Рӯзи 21 сентябр эълонҳо бо пешниҳоди дарёфти шаҳрвандии Русия баъди ҳамагӣ як соли хидмат дар артиши ин кишвар дар ҳама ҷо пайдо шуд ва ҳамзамон, даҳҳо тан аз он зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Русия шудаанд, аз комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ дар ин кишвар даъватнома гирифтанд. Хатари фиристодани онҳо ба ҷанги Украина боиси ба сурати оммавӣ ба тарки қаламрави Русия азм кардани ҳазорон нафар (нафақат зодагони Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ) шуд ва рӯзҳои 21-22 сентябр нархи чиптаҳои парвоз аз Русия (аз ҷумла ба шаҳрҳои Тоҷикистон) чандин маротиба боло рафта,  дар гузаргоҳҳои заминии марзҳои Русия бо Гурҷистону Қазоқистон ва Беларус навбатҳои тӯлонии чандкилометрӣ пайдо шуд.

Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии ин кишвар: 401 ва 401.1 барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 сол ва барои иштироки бевосита дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале ин ду модда то кунун асосан барои ҷазо додани онҳое истифода мешуд, ки зодагони Тоҷикистонро ба саффи гуруҳҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ ҷалб мекарданд, ваё дар саффи чунин гуруҳҳо дар Сурияву Ироқ ё Афғонистон меҷангиданд.

Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

(ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1088, аз 2.01.2018 № 1472)

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

– “Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (ҚҶТ аз 18.03.2015 № 1176).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button