ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ МАРДИ ПИЁДАГАРД ДАР ҲИСОР ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС”

21-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 13:00, як марди 44солаи пиёдагард дар кӯчаи А.Юсуфии шаҳри Ҳисор зери чархи “Мерседес” монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххх
Сокини 55-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июл бо роҳи фиреб аз сокини 39-солаи Ҳисор як мошини тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро 160 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, 10 ҳазор сомониро пешпардохт карда, ваъда додааст, ки боқимонда маблағро то 14-уми август медиҳад, аммо мошинро ба дигар шахс ба ними нархаш, яъне 80 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

21-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Файзуллоев Абдусаттор Ғафурович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи А.Юсуфии шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳайдаров Ҷамшед Абдуфаттоҳевич, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҳайдаров Ҷ.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ба даст афтодани марди қаллоб

12

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 14-уми июли соли 2022, марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, 10 ҳазор сомониро пешпардохт карда, ваъда додааст, ки боқимонда маблағро то санаи 14-уми августи соли 2022 пардохт менамоям, аммо автомашинаро ба дигар шахс ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button